ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Вақте бори аввал писарашро ба даст гирифт, аз шодӣ гирист ва қавл дод, ки як умр маро рӯи даст мегардонад. Вақте ду сол баъдаш духтарамро таваллуд кардам ӯ маро аз бемористон чун арӯс бо карнаю сурнай ба хона овард.
Чӣ қадар ифтихор дошт суханҳои ин зан! Гӯё мехост бартарии худро бар ночиз будани ман таъкид кунад.
Ман чун ҳайкали санг ноҷунбон будам, ҳарчанд мехостам нола кунам, барои бачаи ҷингиламӯи сабзчашм, ки таваллуд накардам, барои марде, ки ҳеҷ гоҳ ангуштҳои поямро дона-дона набӯсид, ҳам барои касе, ки фурсат надошт маро рӯ рӯи даст гардонад. (Зиёдаравӣ мекунӣ зан, ту аз ман чӣ мехоҳӣ!?)
- Баъд ту пайдо шудӣ, - гуфт зан, дар ҳоле ки рӯяш ба девор буд.
- Пеш аз ман дигарон ҳам буданд, - гуё худро сафед кардам.
- Бале буданд, - эътироф кард ӯ, - бори аввал бӯи атри гаронбаҳои занонаро дар тани ҳамсарам се сол пеш шамидам. Оҳ, чӣ қадар сӯхтам, хаёлам диламро бо юғу сипор шудгор карданд, аммо муносибаташ бо ман дигар нашуд, бӯсаҳои гарм, ҳарфҳои ширин, ки дар гӯшам мегуфт, навозишҳо, ҳамоно идома доштанд. Танҳо бешармтар шуда буд...
Баъдҳо низ гоҳ шабҳо гум мешуд, мегуфт сафари корӣ дорад, аммо бо бӯи атри дигар бармегашт. Ман атршинос шудам, медонистам, имшаб бо соҳиби кадом атр шабро рӯз кардааст. Рашк мекардам, охир ӯ нимаи ман буд, балки тамоми ман буд! Аз алам банди дастамро мегазидам ва моҳҳо куртаи остиндароз мепӯшидам, то доғҳои дастамро набинад. Ман аз хурдӣ аламамро бо ин шева паст мекунам.
Модарам барвақт ба раҳмати Худо рафт ва падарам зани ҷавон овард, ки маро дӯст намедошт. Ҳар бор ҷанҷолам мекард, ё ба падарам хабар мекашиду ноодилона шаллоқ мехӯрдам, аз алам банди дастамро мегазидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор