Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Матни тарона баланд набуд, шеъргуна буд, аммо овозхон онро чунон бо дард месуруд, ки дили маро ҳам ба дард меовард. Ногоҳ суруд қатъ шуд, дидам, ки як марди қадпасти чоқ ба курсии ақиб нишасту амр дод, ки мошин ҳаракат кунад. Ӯро ба ғами ману ронанда коре набуд, ба куҷое шитоб дошт. Ман аз назди панҷара ду қадам дур шудам, ки занги дар садо дод, се дафъа. Дилам ба бозӣ даромад.
Ман баъзан зангҳоро мешиносам, шояд ҳисси шашум дорам. Садои занги маҳбуби диламро зуд ташхис медодам, дилам ҷӯш мезад, он садо мисли таронаи хушбахтӣ буд.
Занги хоҳарамро аз зангҳои додарам фарқ мекунам. Модарам мисли қадимиҳо ба дар ангушт мезанад.
Дарро боз кардаму худро канор кашидам, то зан роҳат ба хона ворид шавад. Ӯ ба чеҳраи аз гиря варамидаи ман як нигоҳи кӯтоҳе карду рост ба хонаи хоб гузашт. Шолу болопӯшаш ҳамоне буд, ки дирӯз дида будам, ангор аслан нарафта буд.
Хостам ба ӯ чой ё қаҳва пешниҳод кунам, аммо ҷуръат накардам ва мисли гунаҳкорони интизори ҷазо мутеона дар гӯшаи дигари тахти хоб нишастам. Зан бо шилшилаи шоли сафедаш "бозӣ" мекард, гоҳ онро мисли кокул тоб медоду мебофт ва лаҳзае баъд бо асабоният мекушод. Ин амалро чанд дафъа такрор кард, шояд ба дилаш зад, ки билохира сар бардошт.

  • Ту бача надорӣ? - пурсид ӯ.
  • Не, надорам,- гуфтаму гиря гулӯгирам кард. Ӯ аз ман чашм намеканд, нигоҳаш сард буд, гӯё дилсӯзӣ надошт.
  • Ман аз ӯ ду нишона дорам, ки ҳарду нусхаи падаранд - ҷингиламӯи чашмсабз, оғоз кард зан. Вақте бори аввал обистан шудам, аз шодӣ хобаш намебурд, соатҳо бо шиками дамидаам суҳбат мекард, аз ҳар ҷумбиши тифл ба ваҷд меомад, намегузошт, ки даст ба оби сард бизанам. Пойҳои варамидаамро масҳ мекарду ангуштонамро дона-дона мебӯсид.
пешина
аз 473
навбатӣ