Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аҷаб, дар тамоми ин муддат боре ҳам оби чашмаш нарехт. Ӯ чаро омада буд?
Шабро дар ҳавои он дидори мармуз рӯз кардам. Ҳиси аҷибе доштам, монанди таъсири хобҳои шайтонӣ, ки тамоми шаб дар ҳарири хоҳишҳои номатлуб тобат медиҳанд, вале ҳамин ки чашм кушодӣ аз зеҳнат пок мешаванд. Баъд тамоми рӯз ҳис мекунӣ, ки дар хобат чизи аҷибе дидаӣ, вале намедонӣ он чӣ буд. Ман ҳам тамоми рӯз машғул будам.
Пораҳои дидор бо меҳмони мармузро, ки ҳатто номашро намедонам, дарбеҳ мекардам, мехостам мантиқи рафтори ӯро дарёбам.
Шуғли нав каме маро ба худ овард, саҳар ҳатто қаҳва пухтам ва бо финҷон ба балкон баромадам. Ман аз ин балкон омадану рафтани маҳбубамро медидам. Гоҳо ғайриинтизор меомад ва маро ғофил мекард, қалбам аз шодӣ меларзид. Он соатҳо беҳтарин соатҳои умрам буданд.
Дар берун зиндагӣ ҷӯш мезад. Занҳои ҳамсоя бо хандаву шӯхӣ ҳашари гилемшӯӣ доштанд. Аз таҳти дил механдиданд ва хушбахтии онҳо якҷо бо бухори обу собун атрофро пур мекард. Дилам ба ҳоли худам сӯхт, хориам омад, ашкҳоям дона дона ба замини тафсони балкон рехтанд. Ҳаври онҳо бӯи бадахтиву танҳоӣ медод.
Худро ба зери душ задам ва оби сардро кушодам, гиряам аз ҳиқ-ҳиқ ба фиғон мепечид. Он қадар гиристам, ки чашму рӯям бод кард. Аз рӯзи марги ӯ бори аввал буд, ки ман домани гиряро сар дода, дар пеши худ гиребони ғам пора кардам.
Хеле сабук шудам.
Аз кӯча таронаи ҳазине ба гуш мерасид, ба назди панҷара рафтам, то бубинам садои мусиқӣ аз куҷо меояд.
"Ҳама меган, ки ту рафтӣ. Ҳама меган, ки ту нестӣ, дурӯғе” - ттаронаи эронӣ аз дохили таксие баланд мешуд, ки ронандааш ба курсӣ такя зада, сурудро бо чашмони пӯшида гӯш мекард. Шояд хобаш бурда буд ё мисли ман ашкҳояшро фурӯ мебурд.

пешина
аз 473
навбатӣ