ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданДар зоҳир аз ман се чор сол бузургтар менамуд. Ӯ нигоҳи маро ҳис накард, дар дунёи худаш буд.
- Мо танҳо шаби сеюм, вақте холаву янгаҳо рафтанд ва хона холӣ шуд, ба висол расидем. Оҳ чӣ шабе буд, он шаб!
Мехостам лабонам аз лабонаш канда нашаванд ва ҳалқаи дастонаш аз даври камарам дур нагардад. Ман дар осмонҳо парвоз мекардам ва ӯ ҷисми табкардаи маро ваҷаб ба ваҷаб мебӯсид. Мо он қадар бо ҳам печида будем, ки чун шохаҳои дарахти пайвандӣ бо ҳар ҷумбиш дар ҷони якдигар нумуъ мекардем. Ӯ мегуфт, чашмонатро бипӯш, то туро ба осмонҳо бубарам. Ман ҳам ҳар амри ӯро мутеона иҷро мекардам. Мо як моҳ он қадар дар осмонҳо парвоз кардем, он қадар якдигарро бӯсидему бӯидем, ки бисёр лоғар шудем...
Зан ногаҳон чашмонашро кушоду болиштро канор гузошт. - Дер шуд бояд биравам, - гуфт ва ҳамон тавр ки ногаҳон омада буд, бе хайру хуш аз дар бадар шуд.
Ман вақте ба худ омадам, ки дар бо қаҳр пӯшида шуд ва тоблуи девори долон ба замин афтид. Ин тоблу ҳамеша вақте дарро бо қаҳр бипӯшӣ, меафтад, мехаш кӯтоҳу худаш сангин аст... Ғайри ихтиёр ба сӯи балкон давидам. Чаро хостам ӯро бори дигар бубинам? Намедонам. Ӯ роҳравон худ ба худ чизе мегуфт, магар телефони ҳамроҳ дошт? Агар медошт, медидам. Ё ҳанузам аз таъсири ҳикояи ширини зери чодари арусӣ берун нашуда буд? То нопадид шуданаш дар гардиши кӯча аз ӯ чашм накандам. Шом медамид. То хонааш чӣ қадар роҳ бошад?
Рӯи тахти хоб дароз кашидам ва болиштеро, ки зан чанд лаҳза пеш дар оғӯш дошт, бағал кардам. Гарм буд, гӯё таб дошт. Рӯямро ба болишт гузоштам, бӯи аҷибе дошт, мисли омезиши ду атри мухталиф, ки асолаташон гум мешавад, вале ҳамоно хушбӯй мемонанд. Ман оҳиста аз ҳолати карахтӣ берун мешудам ва ҳодисаи имрӯзро, аз замоне, ки дари хонаам се бор занг хурд, то афтодани тоблу чун навори филм пеши назар овардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор