ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданҲарду хомӯш будем, то ҳаде ки нафасҳои вазнини якдигарро мешунидем.
- Ӯ туро чӣ тавр мебӯсид?
Ин суолаш бароям он чунон ғайриинтизор буд, ки шах шудам. Дилам ларзид ва як коса хуни гармро ба гунаҳоям рехт, сурх шудам. Хаёл кардам ғаш мекунам (Ту чӣ кор мекунӣ зан!? ).
Зан, ангор, посухеро мунтазир набуд, ки болиштро сахттар бағал кард, дар ҳоле ки ба дуриҳои дур менигарист, лаб ба сухан кушод. - Вақте мо издивоҷ кардем, ӯ як ҷавони заннодидаи нобӯсида буд, -дар чеҳраи зан лабханди зебое шукуфт.
-Мо ҳамдигарро дар шаби никоҳ дидем, ду одами ношинос, шармгин, бетаҷриба, намедонистем аз чи сар кунем. Ман 18-сола будам, ӯ 20-сола. Вақте янгаҳо ӯро ба таги чодари арусӣ оварданд, пойҳояш меларзид. Салом гуфт, шояд овозаш дар гӯши худаш бегона намуд, ки дигар гап назад. Ман мисли барги бед меларзидам. Бо ҳамон ҳаяҷон русуми арӯсиро ба ҷо овардам ва ба сӯяш таъзим кардам. Як муддат ҳарду беҳаракат будем. Ниҳоят ӯ даст ба гӯшаи пероҳани арӯсиам зад, вале гӯё дасташ сӯхта бошад, ки худро ақиб кашид. Тамоми вуҷуди ман меларзид, гӯе як калоба набз будам. Дар хомӯшии зери чодар мешунидам ки ӯ ҳам дам ба дам аз ҳаяҷон туфашро фурӯ мебурд. Ёд надорам чӣ қадар рӯи по истодам, як вақт дидам, ки домодро дар пеши поям хобаш бурдаст. Хам шудаму ба зери сараш болишт гузоштам ва чеҳраашро аз наздик дидам. Пештар ҳам дида будам, аммо аз дур. Ӯ мисли фаришта зебо буд, мӯйҳои сиёҳи ҷингилааш бо пусти сафедаш чӣ даъвое доштанд!
Дилам аз ин хаёл, ки ман акнун ҳар шаб ба ин мӯйҳо панҷа мезанам ва ин чашмони зеборо мебӯсам, пар-пар мезад.
Чашмони зан пӯшида шуданд. Ман бори аввал чеҳраашро боҷуръат тамошо кардам. Зани зебое буд, гандумгун, ситорагарм, мижгондароз. Холи бари рӯяш ба ҳуснаш меафзуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор