Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман мисли гунаҳкорони маҳкум ба дуздӣ чашм ба замин дӯхтам. Зан заъфи ману бартарии худро медонист.
Ман дар 30-солагӣ, дуруст замоне, ки хоҳишҳои ишқварзии зан комилу урёнтар мешаванд ва мағзро беақлу қалбро шайтони гӯшдаро мекунанд, баъди як издивоҷи ноком дубора ба дунёи ҷунун ворид шудам. Намедонам ӯ аз куҷо пайдо шуд ва чӣ тавр зиндагии якранги маро пурнишот кард – ҳар чӣ то ӯ буд, аз зеҳнам шуста шуд, ҳар чӣ бо ӯ буд, дар банд банди дилу ҷигарам нақш мебаст. Ангор дар биҳишт будам. Ман он солро ба баҳои тамоми умрам мехаридам. Ҳеҷ гоҳ аз ӯ дар бораи зиндагиаш суол накардам, намехостам чизе бидонам, намехостам аз ин биҳишт ронда шавам. Воқеъияте, ки аз он мегурехтам, акнун дар симои ин зани сиёҳпӯш омада буд, то товони он солро аз ман биситонад.
Меҳмон аз ҷой бархосту каме дар долон гашту гузор кард ва сипас беибо ба ҳуҷраи хоб даромад. Аз зеҳнаш чӣ мегузашт, намедонам, аммо чеҳрааш чун санги мармар сарду беранг буд. Ӯ аз ҷогаҳи ноғундоштаи ман чашм намеканд.

  • Чӣ қадар ғел мезадаӣ, бистарат ғиҷим шудааст ё хобат намебарад? Ба бистари бесомонам нигаристам, гӯё онро бори аввал медидам. Чаро лол шудаам? Чаро намегӯям, ки ман ғамбеморам ва бӯи атри азизи дилам ягона ҳавоест, ки мехоҳам аз он нафас бигирам, худро дар он ғарқ кунам.
    Шармам омад аз бечорагиам, аз коҳилиам, аз забони булбули гӯёям, ки акнун дам ба дарун зада буд. Зан дар гӯшаи тахти хоб нишаст, ман беҳолона дар рӯ ба рӯяш ба девор такя задам. Ӯ ҳамоно аз бистари ман чашм намеканд, аз ду болишт, онеро бардошт, ки наздик ба девор буд. Онро навозиш кард, бӯ кашид ва сипас ба рӯи зонувонаш гузошт.
  • Ӯ ҳамеша пушт ба девор мехобид, мегуфт, ин хел хобаш хубтар мебарад, -гуфт ӯ. Як соли ахир рӯ ба девор овард... Зан худро хунсард нишон медод, аммо садояш адвори дардолуд дошт, мисли таронае, ки матнаш бо мусиқӣ созгор нест.
пешина
аз 473
навбатӣ