ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҷойи ҷон куҷо бошад? Ҷони ман ӯ буд, ки аз ман бурида шуд. Шояд ин холигоҳи ҳамон ҷон аст, ки дард мекунад, мисли пойи қатъшуда, ки дигар вуҷуд надорад, аммо шабаҳаш дард мекунад. Дар кунҷи сақф анкабуде барои худ хона танида буд. Ҳаракатҳояшро коҳилона тамошо мекардам. Ангор, ҳоли маро медонист, ки нотарсона чун дорбозҳо бо торҳои танидааш поёну боло мешуд. Хонаам низ шабеҳи худам фалаҷ мешуд.
Яке аз ин рӯзҳо буд, ки зане дар остонаи хонаам пайдо шуд. Ман ӯро пештар надида будам ва хаёл кардам аз ин фурӯшандаҳост, ки хона ба хона молу мавод пешниҳод мекунанд. Намехостам дарро боз кунам, аммо ӯ мисли худиҳо се дафъа занг зад. Дарро кушодаму суоломез ба ӯ нигаристам. Дурудароз ба ман нигоҳ кард, мисли табиб, ки аломатҳои амрозро аз чеҳраи бемор мехонад. Ниҳоят, "ман зани фулониям" гуфту бе онки ман чизе бигӯям бебокона ба хона даромад, гӯё, ин ном корди сабзи воридшавӣ ба манзили ман буд.
Зан дар бар болопӯши сиёҳ, дар сар шоли сафед ва дар пой ҷӯробҳои пашмин дошт. Як моҳи ахир ман коре ба тақвиму фасли сол надоштам, аммо панҷараи боз бӯи охири баҳор ва аввали тобистонро ба хона меовард.
Нигоҳаш беқарор буд, гоҳ дар ҷевони китобҳо манъ мешуд, гоҳ дар соғару суроҳии ҷевони шишагӣ, гоҳ дар мизи ороишот. Гӯё чизе мекофт ва ниҳоят дар қоби аксҳои девор қарор гирифт. Дар он суратҳо саҳнаҳои зиндагии як соли ахир бо маҳбуби дилам акосӣ шуда буд - аксҳои зебо, пур аз ишқ ва хушбахтӣ, дар Порис, Дубай... Меҳмони ғайриинтизор ҳар аксро бодиққат меомӯхт, гоҳ гунаҳояш сурх мешуд, гоҳ нафасаш мепечид ва гоҳ дардолуд табассуми мекард. Ниҳоят аз тамошои аксҳо чашм бардошт ва рӯ ба ман овард.
-Ман дар ҳеҷ яки ин шаҳрҳо набудам, - ӯ ин ҷумларо бо лаҳне гуфт, ки ҳам гила дошт, ҳам таассуф ва ҳам эътироз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор