ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ашк раддаи мижгонҳои дарозашро аз ҳам ҷудо карда, чун марворид дар байни онҳо дамондааст.
Ӯ гоҳ гоҳ нолиш мекунаду ба худ мепечад, дардҳояш раҳми маро ба дард меоранд...
Чӣ қадар бароям азиз шудааст!
Ману ӯ се моҳ пеш дар авҷи як мусибати шарикӣ шинос шудем. Ӯ ҳамсарашро аз даст дода буд, ман нафари бароям бисёр азизро. Дурусташ, мо ҳарду як мардро дӯст медоштаем, ки бо марги нобаҳангомаш моту маҳбутамон кард. Ман ҳисоби шабу рӯзро гум карда будам. Гоҳо соатҳо ба як нуқта хира мешудам, бар чизе меандешидам, аммо фикри хосе надоштам. Андешаҳоям дарҳаму барҳам буданд, мисли филмҳои сурреолистӣ, ки саҳнаҳояш гӯё бо ҳам иртибот надоранд. Хобам намебурд, бедориам мисли хоб буд.
Қалбам, ки як соли ахир танҳо нохудои киштии зиндагиам буд ва ақлу хирадамро ҳамчун як чизи нодаркор аз мағзам берун андохт, акнун мисли санги сиёҳи даҳманӣ дар синаам вазнинӣ мекард.
Модарам мегуфт, ки ман ғамбода гирифтаам. Ӯ аз деҳа барои бемордорӣ омадааст. Гоҳ-гоҳ ғур-ғурашро аз ошхона мешунавам, гӯё бо худаш ҳарф мезад, вале дар асл маро мешунавонд. "Мурд, худо раҳматаш кунад, банда миранда аст. Шӯи дову дастгаҳат набуд, ки барояш ғамбода бигирӣ.
Худо амонаташро гирифт, одами боақл магар бо Худо ситеза мекунад?" Модарам барои ман "ҳалилов" мепухт, ғизое, ки ба беморони бистарӣ медиҳанд. Як ду қошуқ мехӯрдам, то наранҷад. Дили ӯ барои гову молаш танг шуда буд, мехост ба деҳа баргардад. Ман ҳам мехостам баргардад, мехостам зудар танҳо монам, мехостам ба умқи худ фурӯ равам, мисли сӯфиҳо, ки дар чилланишинӣ ба Ҳақ мерасанд ва худу Худоро мешиносанд.
Баъди рафтани модарам рӯзҳо аз ҷогаҳи хоб берун намешудам, нигоҳам соатҳо дар сақфи хона дармемонд. Дард доштам, аммо намедонистам куҷоям дард мекунад, шояд ҷонам дард мекард?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор