ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ба ӯ мусаккин задам, миёнашро молиш додам, арақҳояшро пок кардам ва дар зери пойҳои вармосидааш болишт гузоштам. Парастор ҳаракатҳои маро бо ҳайрат назорат мекард. Чеҳраашро дар зери ниқоб намебинам, аммо чашмонаш мегуфтанд “аз кай боз пизишкҳо кори парасторро иҷро мекунанд, бало занад, ин зан кӣ аст?
Парастор аз сокинони деҳкадаи атрофи пойтахт аст ва ҳафт сол пеш, як моҳ баъди ба кор омадани ман истихдом шуд. Ситораҳои мо зуд ба ҳам мувофиҳ омад ва аз сардухтур хоҳиш кардем, ки моро дар як шифт навбатдор монад. Дар ин ҳафт сол мо аз чашми якдигар хондани ҳарфҳоямонро ёд гирифтем. Охир чеҳари мо доим дар зери ниқоб аст. “Бало занад” аз ифодаҳои писандидаи парастор аст. Ӯ ин ибораро беҳудаву баҳуда истифода мекунад. Мо ҳарду дар як баст гоҳо то 10 кӯдакро ба гуфтаи ӯ “момагӣ” мекунем.
Гӯшҳоямон ин қадар аз садои нолиши модарону фиғони кӯдакон пур мешавад, ки ин садоҳо дар хона низ моро думбол мекунанд.
Бо ин ҳама ман ҳуҷраи зоймонро дӯст медорам, ин ҳуҷра коргоҳи сеҳргарро мемонад. Даъватҳои “зӯр бизану зӯр бизан” ва дардҳои миёншикан баробари аз батни модар берун омадани тифл хомуш мешавад, ангор, аслан дарде набуд.
Чеҳраҳо аз шодӣ мешукуфанд ва ҷаззобияти афсункунандае фазоро пур мекунад. Модарон, ки чанд лаҳза пеш гумон доштанд аз ин дард ҷон ба саломат намебаранд, бачаҳояшонро мебӯсанду мебӯянд аз хурсандӣ ашк мерезанд ва бо онҳо ширинзабонӣ мекунанд. Ману парастор на шавҳар дорем, на бача ва ҳар бор ин саҳнаҳоро мебинему ба модару кӯдак ҳасад мебарем. Ҳасудии мо зери ниқобҳоямон пинҳон мемонад.
Ман аз зан чашм намеканам, гӯё агар нигоҳамро аз ӯ дур кунам, ҳодисае мешавад. Мусаккин дардашро каме коҳиш дод, ки чашмонаш пӯшида шуданд. “Бихоб, азизам, неру бигир”- мегӯям зери лаб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор