Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Парандаҳо дар шохаи дарахтони боғчааш “чирик-чирик таронасароӣ доштанд. Дарахти гелос ғарқи гул буд ва гулбаргҳояш дар оғӯши бод рақскунон дар ҳавлӣ чарх мезаданд ва замин ҳавзи гулоб мешуд. Зан мафтуни ин манзара шуд. Ӯ ҳеҷ гоҳ дарахтеро ба ин зебоӣ надида буд.
Ногаҳ дилаш барои бачаҳояш гум зад. “Қаҳри онҳо кай паст мешуда бошад? -пурсид аз худ, аммо мисли гузаштаҳо нороҳат нашуд. Медонист, ки ду кӯча дуртар дили як нафар барои ӯ гум мезанад ва маътали ишора аст, ки бо ҷомадони зард баргардад.

(Ҳикоя)

ШАБЕ КИ ОФТОБ ТАВЛИД ШУД

Шабе, ки ӯро ба зоишгоҳ оварданд борони сел меборид ва садои даҳшатноки тундар тифлаконро дар батни модарҳояшон метарсонд. Ман омадани ӯро аз панҷара дидам, аз мошини ёрии таъҷилӣ берун мешуд, ки дардаш зад, чун дарахти пурбор вазнин ҳой хӯрду борашро ба пушт партофт ва, дар ҳоле ки рӯяш ба сӯи осмон буд, фарёд кашид.
Саҳнаҳои олуда ба дардҳои тоқатфарсо ва доду войи зоймонро ман ҳар рӯз мебинам ва намегӯям, ки сангиндил шудаам, шояд ба диданашон одат кардаам. Аммо ин яке фарқ мекунад.
Интизор нашудам, ки кай ӯро сабти ном мекунанд ва сипас ба ман, ки навбатдори шифти шабам, таҳвил медиҳанд.
Ба парастор дастур додам, ки ҷой омода кунад ва худам ба поён давидам. Ӯ дар утоқи ёрии фаврӣ танҳо набуд, занҳои дигар ҳам буданд. Яке Худо мегуфт, дигаре модар фарёд мезад ва сеюмӣ бе ҳарф нолиш мекард. Ӯ маро диду хост аз ҷой бархезад, аммо нагузоштам, дар паҳлуяш нишастаму мӯйҳои перешонашро навозиш кардам, чашмонаш пур аз об буд.
-Ҳамааш хуб мешавад, натарс, ман ин ҷоам, - гуфтам.
Духтури утоқи ёрии фаврӣ хурсанд шуд, ки ман ин занро бо худ ба боло мебарам ва ӯро аз коғазбозиву озмоишҳои зарурӣ озод мекунам. Ҳарду бо лифт хомӯш ба ошёнаи ҳуҷраҳои зоймон омадем. Ӯ нигоҳашро аз ман мегурезонд.
Аз дилам гузашт, ки шояд шарм медорад ва беҳтар аст, агар пизишки дигар дар зоймонаш кумак кунад.
Ӯро дар кати ҳуҷраи алоҳида хобондам, озмоишҳои даркориро анҷом додам ва гуфтам, агар хоҳад барои зоймонаш духтури дигарро даъват мекунам. Бо аломати инкор сар ҷумбонд.

пешина
аз 473
навбатӣ