Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бори аввал дар бист сол ба рӯям нигоҳ кард, гуфт келинамро наранҷон, ӯ мисли фаришта аст. Ман магар метавонам ӯро ранҷонам?”.
“Он рӯз, ки хостам маро барои ғусл ба ҳаммом бубарад, ба худ гуфта будам, ки тамоми сарнавиштамро ба ӯ мегӯям, мегӯям, ки “наздики Худованд бадӣ нест фаромӯш”, ман ҷазоямро дар ин дунё дидам, аз рӯзи рафтанам то имрӯз.
Аммо дар ҳаммом иттифоқе афтод, ки ман ҳанӯз аз ёдовариаш хиҷолат мекашам. Эй кош дар занг намезад!” “Ман акнун бо пойи худ роҳ меравам ва бо дасти ростам ғизо мехӯрам. Дастам ҳоло каме заъиф аст, аммо дуруст мешавад. Дигар баҳонае барои мондан надорам. Метарсам, ки як рӯз бигӯяд, «акнун сиҳат шудӣ, аз пайи зиндагиат шав».
Гоҳо фикр мекунам, ки бо вуҷуди бист соли зиндагии муштарак, шинохте аз ӯ надоштаам, дар борааш чизе намедонам, ҳатто намедонистам, ки дар гарданаш хол дорад.
Вақте маро мешӯсту маҳс мекард, чашмам ба холаш меафтид, ин нуқтаи сиёҳ дар баёзи гардани сафедаш чӣ зебанда аст. Ба ҳама чизи ӯ одат одат кардаам, ба холаш ба садои пояш ба чашмонаш, ҳатто ба ожангҳояш. Агар сиҳат шавам ва ӯ маро аз хонааш берун андозад, бе ин ҳама чӣ тавр зиндагӣ мекунам?” Навиштаҷот дар ҳамин ҷо қатъ мешуд. Зан аз ин кашфиёт шах шуд. Ӯ матнҳои марбут ба худашро гаштаву баргашта хонд, мехост боз бихонад, аммо пардаи ашки ифтихору ғурур пеши чашмашро баст. Донаҳои ашк ба саҳифаи дафтар мечакид ва ҳарфҳоро як-як кӯр мекард. Ин барояш дигар муҳим набуд. Суханони мард дар мағз мағзи ҷонаш ҳаккокӣ шуд. Ӯ дафтарро чун китоби муқаддас бӯсиду ба синааш пахш кард, гӯё бол баровард ва то чархи барин баланд шуд.
Ҳар он чӣ то кунун муҷиби нороҳативу ноосудагиаш буд, аз он баландӣ хурду ночиз менамуд. На рашк буд на ҳасад на аламҳои мағорбаста. Чанд соатеро бо сархушӣ гузаронд ва ниҳоят айвон баромад. Аз ҳавои баҳорӣ баҳорӣ сина пур кард.

пешина
аз 473
навбатӣ