Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Муназзимҳо дудила шуданд, ман ишора кардам, ки ҳуҷра хуб аст. Барои одами миранда чӣ фарқ дорад дар куҷо мемирад, хонаи хоби пероста ё ҳуҷраи кӯчак. Ҳис кардам, ки мурданам наздик аст, гуфтам маро ба хонаи падарам бубаранд, бигзор дар онҷо ҷон диҳам. Ба меҳрубонии ҳамсари собиқам умедвор набудам, аммо медонистам, ки маро ба кӯча намепартояд.” “Имрӯз бо дасти ростам қаламро доштам, қалам наафтид! Ин хабарро ба ӯ гуфтам, аз шодӣ гул-гул шукуфт, “гуфта будам, ки ту ба по мехезӣ иншоаллоҳ”- гуфт. Чӣ қадар самимона шодӣ мекард!” Ҳар ёддошт таърихи рӯз дошт. Навиштанро аз рӯзи аввал шурӯъ кардааст, вале матнҳои калонтар ба аввали зимистон сабт шудаанд.
“Сахтарин рӯзи ман дар ин хонадон ҳамон рӯзе буд, ки фарзандонам аз дидани ман ор карданд ва гуфтанд, ки ман ба онҳо падарӣ накардам. Даҳшатнок аст, аммо ҳақиқатро мегӯянд. Ман барои онҳо падари хубе набудам.” “Рӯз то рӯз ҳолам беҳтар мешавад, ин зан бо ман кореро кард, ки ягон табиб қодир набуд. Имрӯз ба ӯ гуфтам, ки пӯсти карахти рӯям нарм шудааст ва гӯшаи лабам боло меравад. Аз хурсандӣ дошт мерақсид!
“Бо духтур аввалин қадамҳоро бардоштам. Боварам намеояд, ки дубора роҳ меравам, бигзор бо асобағал, вале роҳ меравам. Худоро шукр!
“Ӯ дар назари ман рӯз то рӯз бештар муҳтараму муқаддас мешавад, мисли зиёратгоҳ, ки одамон аз он талаби сиҳатӣ мекунанд. Ман барои мурдан ба хонаи падариам омадам, чун барои зистан дигар ангезае надоштам. Ҳис мекардам, нодаркор шудаам. Аммо ӯ маро аз роҳ гардонд ва барои якумр қарздор кард. Кош метавонистам ин қарзро баргардонам”.
“Имшаб падарамро хоб дидам, пештар ҳам хоб медидам, аммо дар он хобҳо ҳамеша бо ман қаҳрӣ буд.

пешина
аз 473
навбатӣ