Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бистарро бардоштанӣ буд, ки дафтару қалам ба замин афтид. “Чӣ навишта бошад, ки ин қадар чуқур пинҳон кардааст?”- гуфт ӯ бо зарда ва варақи аввалро боз кард.
Саҳифа пур аз ҳарфҳои калони каҷу килеб буд. “Инҳоро рӯзҳои аввал бо дасти чапаш барои ман навишта буд, мисли “иштиҳо надорам, намехоҳам, намекунам, намехӯрам, дард дорам, - рӯзҳое, ки забонаш лолу дасташ фалаҷ буд.” Навиштаҳо аз саҳифа ба саҳифа ҳамвортар мешуданд.
Бештар дар бораи вазъи сиҳатиаш навиштаст. Инро духтур аз ӯ хоста буд.
“Имрӯз нӯги қаламро пойи ростам халондам, шояд ба назарам намуд, аммо ҷойи неши қалам дард кард”. “ Пойи ростамро бо дастам ламс кардам, ба назарам намуд ё воқеан поям ҷумбид?” Зан варақгардон то миёнаҳои дафтар расид ва ногоҳ аз ғояти ҳаяҷон нафас дар гулӯяш печид. Мард навишат буд:
“Ҳар рӯз аз худ мепурсам, ки чаро ӯ аз ман муроқибат мекунад? Аз мане, ки ба ӯ хиёнат кардам, ба зани дигар бартарӣ додам, тавҳинаш кардам ва бо се кӯдак дар нимароҳ гузоштам. Аввалҳо фикр мекардам, ки масхараам мекунад ва бо намоиши меҳрубониву ғамхорӣ мехоҳад нокасиҳои маро ба рӯям бикашад. Аммо иштибоҳ кардам, ин андешаҳо ҳатто дар гӯшаи хаёлаш набуд. Ман мисли як кӯдаки навзод бечораву дармонда будам, ӯ бо ман шабзиндадорӣ кард, доруву дармон дод, дар такяи худ нишастан омӯхт ва ангезаи зистанро дар ман бедор кард. Ба андозае самимиву воқеъӣ буд, ки ман аз шармандагӣ ҳар рӯз мемурдаму зинда мешудам...” “Маро дар меҳмонхонааш ҷой дод, захмҳоямро табобат кард, бароям духтур овард. Чӣ таззоди ғамангез! Вақте аз бемористон мураххас шудам ва маро ба хона бурданд, муназзимон аз ҳамсарам пурсиданд, ки беморро дар куҷо мехобонед, ӯ хоначаи падари худораҳматиашро нишон дод, ки солҳо фалаҷ буд ва дар ҳамон ҳуҷраи кӯчак танҳо мурд.

пешина
аз 473
навбатӣ