Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зан пушаймон шуд, мард ҳанӯз аз ҳавлӣ набаромада пушаймон шуд.

  • Чаро ҷомадонро додам? Дастам бишиканад! - гуфту силӣ ба дасташ зад. Ҷомадон барои ӯ замонати ҳузури мард дар ин хона буд, риштаи ноаёне, ки онҳоро бо ҳам пайванд мекард. Бовар дошт, ки мард куҷое биравад, ҳатман бармегардад, чун ҷомадонаш ин ҷост.
    Ӯ бемадорона дари меҳмонхонаро боз кард, бӯи танҳоӣ ва ноумедӣ ба димоғаш зад. Меҳмонхонаи холӣ нуру сафо надошт, гармии ҳамешагиаш гӯё чун дуд аз мурӣ берун рафт ва ҷояшро сармои зимистон гирифт.
    Чанде дар меҳмонхона гашт, ҷойе барои нишастан намеёфт, мисли хаёлиҳо худ ба худ ҳарф мезад. “Ҷомадон ҳам рафт, соҳиби ҷомадон ҳам рафт, ман мондаму як мушт хобу хаёл, ки барои худ бофта будам. Чӣ хуб буд бо ҳам будан, аз ӯ муроқибат карданд, ӯро ҳар лаҳза дидан, бо ӯ маҳзун шудан ва бо ӯ хандидан! Ҳайҳот, ки тамом шуд, чи зуд тамом шуд!
    Мегӯянд, ки кӯр асояшро як бор гум мекунад, ман ду бор гум кардам, боз дар ҳамон чоҳи шинос афтидам, вале ин чоҳро хуш дорам, мехоҳам аз ин чоҳ берун нашавам. Беҳтарин рӯзҳои умрам буд ин ҳашт моҳ. Ҳеҷ кас ба андозаи ӯ аз дидани ман шод набуд, ҳеҷ кас ба андозаи ӯ ниёзманди ман набуд, ӯ дар чашми ман зиндагиро медид, умедро медид, ман фариштаи наҷоташ будам, ӯ ин фариштаро мепарастид.” Бистари холии бемори сиҳатшударо навозиш кард, ҳанӯз гарм буд. Рӯзҳои ахир соатҳо рӯи ин бистар менишаст ва дасти росташро машқ медод, чизе менавишт, хат мезаду боз менавишт. Зан кунҷков набуд, ки ӯ чӣ менависад. Борҳо чашмаш ба дафтар афтид, аммо ба он даст назад. Ҳоло он дафтари муқовааш сиёҳ ягона нишони мард буд.
    Зери болиштро палмосид, вале дафтарро наёфт.
    “Рафтанӣ будаст, ки дафтарашро бо худ гирифт!”- гуфт ва бештар нороҳат шуд. Як-як курпаву болиштро ҷамъ кард, хаёлаш ки катро бароварда ба кӯча партояд.
пешина
аз 473
навбатӣ