ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Аммо Парвиз ҳоло ҳам бо падараш буд. Ёд надорад чанд соат гузашт, ниҳоят хаста шуду сарашро дар пештахтаи тиреза монд ва хобаш бурд. Ӯ вақте бедор шуд, ки хурӯсҳо фарёд мезаданд ва субҳ ковок мешуд. Ҳаросон ба меҳмонхона давид, шавҳараш масти хоб буд. “Худоро шукр” гуфт ва оҳи амиқ кашид. Аз ин метарсид, ки ба меҳмонхона баргардад ва ӯро наёбад.
Парвиз қариб ҳар рӯз меомад, дурудароз бо падараш менишаст, бо ҳам суҳбат мекарданд, механдиданд. Вақте зан ба хона ворид мешуд, оташи суҳбати онҳо фурӯкаш мекард.
Ҳис мекард, ки ӯ дар ҷамъи падару писар зиёдатӣ аст, мисли ангушти шашум, ки ба ягон дард намехӯрад, аммо наметавон ӯро нодида гирифт. Зан нороҳату асабӣ мешуд.
Як бегоҳ Парвиз омад ва гуфт, ки дӯстони падараш мехоҳанд ба дидорбинӣ биёянд. Зан хурсанд шуд.
- Бисёр хуб биёянд, меҳмонхона бузург аст, чанд нафар меоянд? - пурсид ӯ.
Парвиз маънидорона ба падараш нигоҳ кард, мард хомӯш буд. - Онҳо ба хонаи мо меоянд, падарамро дар хона интизор мешаванд.
Ин хабар занро ғофилгир кард, дилаш ларзиду шикамаш сард шуд, барои гуфтан ҳарфе наёфт, бечораҳолона китф дарҳам кашид ва дар кунҷи нимкати меҳмонхона нишаст.
Падару писар ба якдигар нигоҳ карданд ва писар бо ишораи “рафтем” сарашро тарафи дар тоб дод. Ҳарду аз дар берун шуданд, зан ногаҳон аз ҷой баланд шуд ва ба думболи онҳо давид. Ҷомадони шавҳарашро аз гӯшаи айвон бардошт.
-Ҷомадонатро намегирӣ? - пурсид ӯ бо киноя.
Мард аз роҳравӣ монд, дар ҷояш шах шуд. Хомӯшии байни онҳо тӯл кашид. Ин дам Парвиз аз роҳаш баргашту ҷомадонро аз дасти зан гирифт ва бо аҷала ба кӯча баромад.
Мард бо ҳамон ҳолати карахтӣ чанд дақиқаи дигар истод ва баъд, бе онки ба пушташ нигоҳ кунад, ба сӯи дар рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор