Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дилаш ором набуд, шӯр мезад, ҳар қадар мард қадамҳои устувор мегузошт, имкони дар ин хона монданаш ба ҳамон андоза камтар мешуд. “Барои дар ин ҷо монданаш баҳонае даркор, ин баҳона ҳаст магар?” - мепурсид ӯ аз худ.
Дар лаълии пур аз нағшу нигор тушбера бардошт, болояшро бо гашничу райҳон оро дод ва қаймоқ дар даст ба меҳмонхона даромаданӣ буд, ки дар боз шуду борхалтае дар даст Парвиз омад.
Зан ӯро “биё” нагуфт ва зуд ба меҳмонхона даромад.
Табақи тушбераро рӯи миз гузошту дастархонро боз кард.
Дилаш намехост ба мард бигӯяд, ки писараш омадааст, мехост Парвиз борашро дар берун гузораду биравад. Аммо ин дам Парвиз “дада” гуфт ва падараш аз хурсандӣ як қад парид.

  • Парвиз омад! - гуфт ва бо аҷала тараддуди аз кат фаромадан кард.
  • Оҳиста, Парвиз намегурезад, боз наафтӣ! Бо кӯмаки зан аз кат фаромад ва ба сӯи дар шитофт.
  • Асоятро намегирӣ? - бо киноя пурсид зан ва ба табақи тушбера нигарист, ки бӯяш меҳмонхонаро пур карда буд.
    Дари меҳмонхона боз шуд ва падару писар гардан ба гардан ва лабханд дар лаб ба меҳмонхона ворид шуданд.
  • Парвиз бо мо бишинад? Берун хунук аст. -гуфт мард илтиҷоомез. Зан чизе нагуфт, ба ҳарду дар ду коса ғизо кашид ва бо баҳонаи “чой биёрам” берун баромад.
    “Одами ориятӣ ҳамин аст, ҷонатро дар ҷонаш ҳам монӣ, боз чашмаш ба сӯи дар аст”. - гуфт зан бо алам ва ба хонаи хоби худаш рафт. Дилаш намекашид ба меҳмонхона баргардад.
    Ӯ то бегоҳ ба меҳмонхона барнагашт. Тирезаи хонаи хобаш ба сӯи меҳмонхона боз мешуд, аз тиреза чашм намеканд, мехост рафтани Парвизро бубинад ва баъд баргардад. Мехост ошкоро аз мард бипурсад, ки акнун чӣ кор мекунад, ба хонаи занаш бармегардад ё ин ҷо мемонад?
пешина
аз 473
навбатӣ