ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Мард оҳиста аз ҷой бархост ва лаълии ғизояшро бардошт ва хост ба зан кӯмак кунад.
-Ту бирав дар кат дароз бикаш, он қадар коре нест, ман худам саранҷомаш мекунам, - гуфт.
Мард маҳзун шуд, лаълиашро ба лаби дастархон гузошту оҳиста-оҳиста ба сӯи кати хобаш рафт.
Зан чойнику пиёла дар даст аз қадамзании ӯ чашм намеканд, аз рафтори худ хиҷолат кашид. “Ин қадар заҳмат кашидам, ӯро рӯи по мондам, чаро ҳоло чун уқоб ба сари боша нӯл мезанам? Чаро нороҳат шудаам? Чаро буғз кардаам? Занаки девона! Ин магар моли ту аст, ки намехоҳӣ дигаронро бубинад?”- худро сарзаниш кард зан.
Чойникро дар гӯшаи миз гузошт ва ба назди мард рафт, ки ба ӯ кумак кунад.
- Болоятро бор кунам? Берун сард аст боз хунук нахурӣ?
Мард хурсанд шуд, дасташро дар китфи зан гузошт ва оҳиста ба кати хоб нишаст. Дилаш мехост, ки зан мисли рӯзҳои гузашта латифа бигӯяд, дилҷӯӣ кунад ӯро дилбардорӣ кунад. Ӯ бо меҳрубонӣ одат карда буд. Тағйири авзои зан ӯро ба ташвиш меовард. - Ту бихоб, ман каме ин тараф он тарафро тоза кунам ва баъд бароят як тушбераи хушмазза мепазам. Ёдам ҳаст тушбера ғизои писандидаат буд. Мард аз шодӣ лабханд зад ва бо аломати тасдиқ сар ҷумбонд.
-Азизам, ту дигар ландаҳурӣ накун, бо ишораи сару даст ҳарф назан, забонат боз шудааст, ҳарф бизан, зиёд ҳарф бизан, зиндагиатро ба ман қисса кун, бигӯ, ки рӯзгорат дар ин солҳо чӣ ранг дошт...
Мард боз ба ишораи сар “хуб” гуфт. Ҳарду хандиданд.
Кору бори хона ва бастани тушбера хеле вақт гирифт, ғизо қарибиҳои аср омода шуд. Ӯ дар ин миён ду дафъа мардро то ташноб бурд ва дар беруни дар истод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор