Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Гуфта буди касе аз он хонавода ба суроғаш намеояд, ин пасар аз куҷо фаҳмид, ки падараш беҳтар шудаст?
  • Худаш ба ӯ занг зад, гуфт либосҳояшро биёрад.
  • Ту нороҳат шудӣ?
  • Намедонам, худам намедонам чаро чунин шудам.
  • Нигарон набош, ҳамааш хуб мешавад, ӯ қариб ба он дунё рафту баргашт, ту ӯро баргардондӣ, ӯ боқии зиндагиаш мадюни ту аст. Инро фаромӯш намекунад.
    Парвиз аз кӯча таксӣ киро кард, вале худаш дар ними роҳ фаромад, гуфт, ки чизҳои хостаи падарашро меорад. Зан каме ором гирифт. Шавҳарашро то меҳмонхона гусел кард ва худаш аз пайи хӯрокпазӣ шуд, саҳар субҳона нахӯрда буданд, духтур гуфт, ки бемор бо шиками холӣ хун супорад. Дар мизи меҳмонхона дастархон боз кард ва дар лаъли тухмибирён овард. Бемор асояшро ба дастаи тахти хоб овехт ва бистарашро навозиш кард.
    -Ин тахти хоб маро аз он дунё баргардонд, гуфт.
    Ин ҳарфаш ба зан сахт расид, аз ин ранҷид, ки заҳматҳои нимсола кашидаи ӯро камтар аз ин тахти оҳанин медонад, аммо чизе нагуфт.
    Хомӯшона ба лаълии шавҳараш тухмбирён гузошт, барояш нон пора кард ва дар пиёла чойи ширин рехт. Ӯ ҳафт моҳ ин корҳоро ҳамеша бо ширинсухнӣ анҷом медод, беморро ба зиндагӣ дилгарм мекард, аммо ҳоло ҳавсалаи хушсуханӣ надошт.
  • Аз Парвиз хостам, ки бароям санги варзишӣ биёрад, мехоҳам машқ кунам.
  • Чаро худат нарафтӣ, якбора муаллимаро ҳам медидӣ, - зан ниҳоят дилашро кафонд. Мард чизе нагуфт, гунаҳкорона сар хам кард ва чангакро як сӯ гузошт.
  • Бихӯр, чаро намехурӣ? Аз саҳар об дар даҳон накарда, ҳатман гушнаӣ. Ӯ ин ҳарфҳоро мегуфту ҳамзамон нонрезаҳоро аз лаби дастархон ҷамъ мекард, чойникро аз як гӯша ба гӯшаи дигари миз мебурд, пиёларо мебардошту боз дар ҷояш мемонд, ангор намедонист чӣ кор кунад, нороҳат буд.
пешина
аз 473
навбатӣ