ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Духтур аз дидани онҳо шод шуд.
-Ба Фарҳод гуфтам, ки падараш ба по хест, хурсанд шуд, гуфт аз натиҷаи озмоиш ӯро огоҳ кунам. Зан ноилоҷона табассум кард, гапҳои духтур ба гӯшаш намедаромад.
Ӯ беморро то утоқи тасвирбардорӣ бурд ва дар долон бо Парвиз танҳо монд. Ҷавон нигоҳашро аз ӯ мегурезонд.
-Ин ҳашт моҳ куҷо будӣ, ки боре ҳам аз падарат хабар нагирифтӣ?- пурсид ӯ бо киноя.
Ҷавон аввал сар хам кард, баъд даст ба ҷайб бурд ва тангаҳояшро берун овард. Ӯ бепарвоёна ба шикофи ҷевони шарбату шакалод танга партофт. Садои афтидани танга мағзи занро парма мекард. Хунаш ба ҷӯш омад, аммо худро ба даст гирифт ва ба ҳавлии бемористон баромад, то ба сари ҷавон натозад. Барфи тар ҳамоно меборид, ангор, шиками осмон шикоф шуда буд. Ба ёдаш омад, ки вақти берун шудан аз мошин чатрашро фаромӯш кардааст. Барф ба сару рӯяш меборид ва дар гунаҳои тафсонаш об мешуд. Ҳиқ-ҳиқи дарунӣ дошт ва ашкҳои шӯр якҷо бо донаҳои барф дар рӯяш ҷӯя мекашиданд.
“Ту ба худ чӣ хаёл кардӣ, зани сода, гумон кардӣ баъди ним соли бемордорӣ ӯ мадюни ту мешавад ва аз баҳри муаллимаву бачаҳояш мегузарад? Дар ҷавониат ақл надоштӣ, ҳоло ҳам ақлат надаромадаст”-худро сарзаниш кард ӯ.
-Дугона паноҳ-паноҳ меоиву меравӣ-ҳа? - ин парастор буд, ки ӯро аз пушташ бағал кард.
Зан рӯяшро тарфи дугонааш гардонд ва ба зӯр лабханд зад.
- Чӣ шуд? Чаро чашмонат об гирифтаанд? Духтур гуфт, ки сиҳатии беморат 90 дар сад барқарор шудаст, он даҳ дар сади дигар кори як ду моҳ аст, хурсанд шав, заҳматҳоят самар доданд.
- Бале, самар доданд...
- Он ҷавони пушти дари духтур писараш аст?
- Писараш, ҳамон писаре, ки падарашро бо занбар оварду фирор кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор