Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯ халтаи либосро ба замин гузошт ва худро ба оғӯши падараш, ки дар байни ҳавлӣ дар зери барф рост меистод, афканд. Мард асои дасташро ба замин афтонд ва “шери падар” гуфту ӯро бағал кард.
Ин саҳнаи барои он ду нафар риқатовар дар замири зан ҳеҷ эҳсосеро бедор накард. Чеҳрааш мисли барфи тар сард буд.

  • Парвиз бо мо биравад, - илтиҷоомез пурсид мард.
  • Ҳар чӣ дилат бихоҳад, гуфт зан бо овозе, ки пур аз буғз буд.
    Мард дар посухи зан норозигиро эҳсос кард ва кунҷковона ба ӯ чашм дӯхт.
  • Пеш дароед, боз дер накунем, гуфт зан бо асабоният.
    Дар кӯча мошин киро карданд. Падару писар дар сандалии ақиб ва зан дар пеши ронанда нишаст. Тамоми роҳ он ду нафар паст-паст суҳбат мекарданд. Зан гӯшу ҳуш буд, то бишнавад, ки чӣ мегӯянд, аммо садои мусиқӣ овози падару писарро пахш мекард.
    Овозхоне аз радио алами ҷудоиро месуруд. “Оташе дар дил аст, бе ту по дар гил аст мушкил аст, мушкил аст”. - мегуфт.
    Пағаҳои барфи тар ба тирезаи мошин мезаданд ва гирякунон ба поён ҷар мешуданд. Косаи чашмони зан низ пури об буд, аммо ӯ метарсид мижа ба ҳам занад, то ашкҳояш сарнишеб нашаванд. Таронаи ғамангез якҷо бо барфи бӯи ранҷҳои 25 соли пешро ба димоғаш мерасонд.
    Аз тиреза чашм намеканд, ангор, шаҳрро бори аввал медид. Дар ин ҳашт моҳи бемордорӣ ӯ танҳо ду ҷойи рафтан дошт - мағозаи хурокворӣ ва дорухонаи хамгашти кӯча.
    Парво надошт, ки писару духтараш ранҷиданд ва аз ӯ хабар намегиранд. Тамоми холигоҳи зиндагиашро ин мард пур мекард.
    Мошин дар назди бемористон манъ шуд, зан пули ронандаро доду пеш аз падару писар фаромад ва ба ҷустуҷӯи утоқи духтур рафт.
пешина
аз 473
навбатӣ