ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ба ҳаммом баргашт, аммо дигар ба мард нигоҳ накард, душро аз болои сари ӯ дошту кафки танашро шӯст ва хилъати писарашро дар китфаш партофт. Мард шармгинона хилъатро пӯшид, авзои ӯ ҳам беҷо буд.
Баъди ин ҳодиса ҳарду хеле хиҷолатзада шуданд, нигоҳҳояшон аз ҳам мегурехт. Аммо вонамуд мекарданд, чизе нашудаст. Зан ҳамчунон бо ӯ мехрубон буд, аммо мекушид ин меҳрубонӣ марзи парасториро убур накунад.
Шабҳо аз ҷогаҳаш баланд мешуд ва кӯрпаи рӯи мардро дуруст мекард, доруҳояшро сари вақт медод, саҳар ӯро аз зинаҳо мефуровард, то ташноб мебурд ва баъд соатҳо қадамҳои ӯро мешумурд. Аммо чизе дар замираш дигар шуд, чизе, ки ӯро ҳам шод мекард, ҳам маҳзун. Ҳис мекунад, ки хурсанидияш ориятӣ аст, рӯзе тамом мешавад. Ӯ аз омадани ҳамон рӯз метарсид.
Аввали баҳор сиҳатии бемор барқарор шуд ва ӯ акнун худаш аз зинаҳои айвон болову поён мерафт. Духтур занг зад ва ӯро ба бемористон даъват кард, аз мағзаш тасвир бардорад. Дар кӯча барфи тар меборид ва гулбаргҳои дарахтони барвақт шукуфтаро ба замин мерезонд. Мард барои берун рафтан либос надошт.
- Чӣ кор кунем? Шояд зуд аз бозор як даста либосу пойафзол бихарам?
- Даркор нест, телефон мекунам, Парвиз либосамро биёрад, гуфт мард.
- Ҳар чӣ дилат бихоҳад... - зан аз зикри намояндагони он хонавода хушаш наомад, вале гӯширо ба ӯ дод.
- Рақами телефонашро дар варақи дорӯҳоят навишта будам, дар кисаи ҷомадон аст.
Мард телефонро бардошту ба меҳмонхона даромад, ангор мехост танҳо суҳбат кунад. Зан нороҳат шуд, аммо чизе нагуфт. Парвиз дар даҳ дақиқа расид, шояд тамоми роҳ давид, ё хунук хурд, ки рухсораҳояш сурх буданд ва барфи тар аз мӯйҳои дарозаш ба рӯяш мерехт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор