ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Дилаш ба бозӣ даромад. Ҳавзро пури кафк кард ва ӯро шинонд. Мехост аз ҳаммом берун равад, аммо дар ними роҳ манъ шуд.
-Мехоҳи танатро лиф бизанам?
-Мехоҳам. - ҷавоб дод мард, дар ҳоле ки садояш меларзид ва дар ҳавз дароз кашида буд.
Лиф бо дастони нарми зан дар тани урён мехазид, поёнтар мерафт, кафки сефед аз лаби ҳавз ба замин мешорид ва домани пероҳани занро тар мекард. Акси садои нафасҳои ӯ амиқ ҳаммоми холиро пур кард. Мард чашмонашро пӯшид ва мисли мусофире, ки бори аввал ба ҳавопаймо нишастааст, параҳои ҳавзро сахт дошт ва амиқ нафас гирифт. Зан он қадар васвосӣ буд, ки мехост ба ҳавз дарояд ва хумори бӯсаҳои нагирифта ва ишқҳои наварзидаашро бишканад. Бадани мардро лиф мезаду мемолид, хаёлаш, ки ин ғусл ҳеҷ гоҳ ба поён нарасад. Ин дам мард дасташро аз ҳавз раҳо кард ва ӯро ба сӯи худ кашид. Зан бо либосҳояш ба ҳавз фурӯ рафт ва дар оғӯши марди урён афтид. Бехуд шуд, ихтиёрашро ба тӯфони ҷунун супурд ва дигар на ҷойнамозаш ба ёдаш омад на тоату ибодаташ. Сарро ба синаи ӯ гузошту чашмонашро пӯшид, мехост дигар бедор нашавад. Аммо ин дам занги дар садо дод, мисли бонги хатар. Ҳарду мисли барқзадаҳо дар оғӯши якдигар шах шуданд. Аввал зан ба худ омад ва бо ишораи бишину садо набарор ангушт ба лаб бурд ва саросемавор аз болои куртаи тар камзулеро пӯшиду ба тарафи дар рафт.
Рухсораҳояш сурх буданд ва чашмонаш барқ мезаданд. Дар дил худоро зорӣ мекард, ки пушти дар одами худӣ набошад.
Аммо дар паси дар касе набуд, дар гирду атроф низ ҷони зиндае наменамуд, ҳайрон шуд. “Кӣ буд, ки занг заду наистод? ” -аз худ мепурсид ӯ. Занги нобаҳангом шавқу шӯри чанд лаҳза пешро аз сараш дур кард, баданаш меларзид.
“Худоё чи коре буд, ки кардам? - гуфт ва беҳолона ба дар такя зад. Хеле дар ҳавои сард истод, ногоҳ ба ёдаш омад, ки беморро дар ҳавзи пур аз кафк танҳо гузош ва агар ӯ кӯшиши бархостан кунад, мабодо пояш лағжад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор