Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хеле гашт, сураташ сурх шуду дастонаш хунук хурданд, вале намехост ба хона баргардад.
Зан дигар илоҷ надошт, магар ки барояш ҷомаву телпаку дастпӯшак пайдо кунад. Хайрият, писари дуюмаш либосҳояшро бо худ набурдаст.
Се моҳи зимистон кори мард роҳгардӣ буду барфро лӯла карда ба девор задан. Мушакҳои дасти росташ оҳиста-оҳиста ба кор даромад ва ӯ акнун пиёлаи ҷойро то даҳонаш мебурд.
Каломаш ҳам бурротар шуд. Зан бисёр мехост бо ӯ суҳбат кунад. Пурсад, ки дар ин 25 сол чӣ тавр зиндагӣ кард, чӣ шуд, ки сакта гирифт, аммо метарсид, ки мабодо асабӣ шавад ва дубора аз пой биафтад.
Ӯ дар ин ҳашт моҳ дубора ба шавҳараш одат кард, ҳатто меҳр баст. Рӯзе, ки ӯро бо занбар ба ин хона оварданд, як бемори барҷомонда буд, аммо ҳоло марди хушандомест, ки аз ламс кардани пусти ӯ занро, ангор, барқ мезанад ва ӯ худро гум мекунад. Бо баҳонаи маҳс соатҳо ба чеҳрааш нигоҳ мекунад ва дилаш ҷӯш мезанад. Либосҳои “кампирона”-ро, ки солҳои ахир мепӯшид, аз танаш дур андохта, пероҳанҳои зебо ба бар мекунад. Худро бо ангуштариву гӯшвор пероста, гоҳ-гоҳ ба чашмонаш сурма мезанад. Намедонад, бо эҳсосе, ки дар вуҷудаш бурӯз кардааст ва рӯз то рӯз чун ҷанини батни зан бузургтар мешавад, чӣ кор кунад.
Шавҳараш дигар ба тағораву шустушӯ ва пӯшидани либос ниёз надорад, бо ёрии зан то ташноб меравад.
Ришашро худаш метарошад, дандонҳояшро худаш мешӯяд.
Кам шудани вобастагии мард аз ӯ, занро нигарон мекард.
Саҳар бемори сиҳатшуда гуфт, ки мехоҳад ғусл кунад.
Зан ҳаммомро гарм кард ва ба ҳавз об сар дод. Ӯро то ҳаммом бурд, аммо дар беруни дар истод. Шавҳараш садо кард, ки замин лағжонак аст, кӯмак кунад, то ба ҳавз дарояд. Зан ба ҳаммом даромад ва мардро урён дид, на тани як бемори фалаҷро, балки бадани як марди хушандом ва ҷаззобро.

пешина
аз 473
навбатӣ