Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бемор он қадар аз пешрафтҳояш илҳом гирифт, ки мисли гузаштаҳо аз хоб бедор шудани занро интизор намешуд, худаш баланд мешуду тамрин мекард. Дасти росташро дароз мекард ва лӯларо медошт. Дасташ камқувват буд, аммо тан намедод такрори ба такрор дасташро болову поён мекард.
Мушакҳои рӯяш таранг мешуданд, аз сару рӯяш арақ мерехт.

  • Оҳистатар, ин қадар ба худат зӯр наёр, барои қалбат хуб нест.- нигаронӣ мекард зан. Бемор гӯш намедод, кори худашро мекард.
    Зан ба духтур занг зад. Духтур омад ва беморро дуру дароз муоина кард, гуфт вазъи саломатиаш, набзаш, қалбаш ҳама хуб аст. Аз заҳматҳои бемор ситоиш кард ва ба дасти росташ тупи эластикӣ дод то фишор биёрад ва хун беҳтар ба ҳуҷайраҳояш ворид шавад.
    Марҳилаи сиҳатшавии бемор аз ҳамон рӯзҳо сар шуд ва бо суръат пеш мерафт. Ӯ дар як рӯз даҳ бор “мебинӣ” мегуфту занро барои дидани дигаргуниҳои дасту рӯяш мехонд ва шодӣ мекард.
    Рӯзе, ки бемор аз бистар бо пойи худ баланд шуд, зимистон буд, барф мисли орд аз осмон мерехт. Зан аз шодӣ дар курта намегунҷид, ангор, худаш раҳгардон шуд. Ӯ аз сари бемор тангаву ширинӣ пошид ва пойандоз партофт. Духтур ва парастор мутаассир шуданд. Духтур гуфт:
  • Дунёро шерзанҳои мисли шумо мечархонанд.
    Бемор бо кӯмаки духтур чанд қадам гузошт, мехост бештар қадам бардорад, аммо духтур иҷозат надод.
    -Танҳо бо асобағал, он ҳам на бештар аз 10 қадам.
    Асобағалро фардо мефиристам, - гуфт ӯ.
    Дарахтҳои пурбарф мисли ҳамон гелоси 25 соли пеш ғарқи зебоӣ буданд ва дар рӯшноии офтоб медурахшиданд.
    Зан чӣ хаёле карду бо ҷорӯб барфҳоро ба замин резонд ва ба сӯи шавҳараш нигоҳ кард. Бемор масти роҳравии худаш буд ва дар рӯи барфи сафед мисли гунҷишкҳо аз пайи худ нақшунигор мегузошт.
пешина
аз 473
навбатӣ