ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Эй кош ба ҳамон рӯз зудтар бирасем, - гуфт зан бо ҳаяҷон.
Парастор мавзӯи сиҳат шудани мардро махсус дар миён гузошт. Дар зеҳни ӯ як суол чарх мезад, ки баъди сиҳат шудани бемор зан бо ӯ чӣ кор мекунад, аммо рӯяш нашуд бипурсад.
Як субҳ бемор оина пурсид. - Оинаро чӣ кор мекунӣ? - пурсид зан.
Ишора кард, ки мехоҳад рӯяшро бубинад. Зан оинаи дастиашро ба ӯ дод. Мард дуру дароз ба тарафи шахшудаи сураташ нигоҳ кард ва ба ҳаҷон омад. Ӯ аввалин бор калимаи “мебинӣ”-ро возеҳ талаффуз кард. Зан аз хурсандӣ забон гум кард.
-Чиро?- ниҳоят пурсид ӯ.
Мард бо ангушт лабашро нишод дод. - Мебинӣ? - дубора пурсид ӯ.
Зан наздик омад ва ба рӯи ӯ чашм духт. Бари рӯи шахшудааш ҳамвортар ва кунҷи хамидаи лабаш болотар рафта буд. Чашмаш низ дигар мурдобро ба хотир намеовард.
Зан аввал аз наздик ба ӯ нигоҳ кард, бовараш наомад, гоҳ аз ин зовия ва гоҳ аз завияи дигар ба ӯ зул зад. Дигар шубҳае надошт, ки сурати мард рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Мард бо дасти сиҳаташ рӯяашро пушид, дасти фалаҷаш то наздики рӯяш баланд шуд. Ӯ бо овоз гиря кард, аз омаданаш ба ин хона бори аввал домани гиряро сар дод. - Гуфта будам, ки сиҳат мешавӣ! - зан ва ба ӯ наздик шуду китфашро тап-тап зад, ки ором шавад.
- Гиря накун, ин тарафаш дигар босуръат мегузарад ва худо хоҳад то баҳор раҳгардон мешавӣ.
Мард дасташро аз сураташ бардошт ва ба рӯи синааш гузошт, хам шуду ба тарафи зан таъзим кард. - Раҳмат, раҳмат. - гуфт. Зан ҳам гиря кард. Мисли зани навзо, ки ба ҳарфи аввалин кӯдакаш аз хурсандӣ ашк мерезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор