Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Духтараш ҳам занг зад, гуфт, ки барои курси такмили ихтисос семоҳа ба хориҷи кишвар меравад. Ӯ ҳар бор вақти сафар духтарашро ба хонаи модараш меовард, аммо ин дафъа кӯдакро бо бобову момои падариаш дод.

  • Шумо бемордорӣ мекунед, шояд барои кӯдакпоӣ вақт надоред. - гуфт. Ҳузури мард робитаи модарро бо ду фарзандаш сард кард.
    Аммо инҳо камтарин нороҳатиҳои зиндагиаш буданд. Ӯ ҳоло масъулияти аз гилагузории фарзандон муҳимтар дошт.
    Аз байн ду моҳ гузашт. Ҷойи рӯзҳои офтобиро боду борон гирифт. Тирамоҳ ҳам бо бодҳои тунд ва боронҳои беист фаро расид.
    “Кати беморро бояд ба меҳмонхона дарорем, шабона ҳаво хунук аст, аз як дард набаромада боз бо дарди дигар даргир нашавад”- гуфт ба худ ва аз дугонаи парастораш кӯмак хост. Парастор бо як ронанда омад ва якҷо аввал катро ва баъд беморро ба хона даровард. Бухории барқӣ ҳавои хонаро гарму нарм мекард. Меҳмонхона хеле зебову пероста буд. Мард худро ноҳинҷор ҳис кард. Шояд дарк мекард, ки ин ҳама иззатро сазовор нест.
    Боронҳои сели тирамоҳи кори занро мушкил карданд. То расидан аз ошхона ба айвон либосаш тар мешуд, аммо ғизоро эҳтиёт мекард. Аз ҳамом дар сатил оби гарм меовард ва дар роҳ чанд дафъа пояш дар баргҳои тар меғеҷид.
    Рӯзҳояш такрорӣ ҳам буданд - шустушӯ, доруву маҳсу машқ ва пухтупазу поккорӣ, мисли мошини барномарезишуда.
    Хаста мешуд, аммо шикоят намекард. Бо парастор дугона шуд. Парастор гоҳ-гоҳ хабаргирӣ меомад, ду зан бо ҳам ғизоҳои хушмазза мепухтанд ва соатҳо чойнӯшиву суҳбат мекарданд.
    Дар чунин рӯзҳо бемор ахм мекард, хушаш намеомад, ки зан бо дугонааш хушгузаронӣ мекунад ва ба ӯ дер-дер сар мезанад.
    Парастор гуфт, ки агар раванди тавонбахшӣ ба ҳамин суръат пеш равад, мард то баҳор ба по мехезад ва эҳтимол нутқаш барқарор мешавад.
пешина
аз 473
навбатӣ