ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Агар зан дертар кунад, бемор бетоқатӣ мекард, мехост худаш нимхез шавад.
Духтур ба ваъдааш вафо кард ва кати тавонбахшро охири ҳафта овард. Онро бо ронандаи ёрии таъҷилӣ дуруст карданд ва беморро аз замин ба кат кӯчонданд. Ин кат барои бемори фалаҷ роҳати ҷон буд, пасту баланд мешуд, барои машқи дасту по лӯлаҳои махсус дошт. Аз рӯи машварати духтур бемор рӯзе чанд дафъа лӯларо бо дасти сиҳаташ поён мекашид ва зан дасти фалаҷи ӯро болову поён мекард ва ба лӯла мерасонд.
Аз байн як моҳ гузашт, зан ба бемордорӣ одат кард, ба дидани рӯи бемор ҳам одат кард. Чеҳраи бемор тадриҷан боз мешуд, дорӯҳои нав ва тамрину нигоҳубини хуб ҳолашро рӯз ба рӯз беҳтар мекард. Ӯ акнун баъзе калимаҳоро рӯшантар ба забон меовард ва бо дасти чап навиштанро хуб балад шуд.
Ҳар рӯз мепурсид, ки ин моҳ кадом моҳ аст ва имрӯз чандшанбе аст. Зан сабурона ҳар рӯз ба ӯ таърихи рӯзро мегуфт, моҳро мегуфт, солро мегуфт.
Зан аз писари хурдиаш миннатдор буд, дар телефон ба ӯ дуои нек дод. Гуфт, ки дасти каму рӯзи ғамро набинад.
Писараш зуд-зуд занг мезад ва аз бемор аҳвол мегирифт, мепурсид, ки агар кумаке даркор бошад, ҳатман бигӯяд.
Модар бо ҳаяҷон аз беҳ шудани ҳоли бемор мегуфт, он қадар бо ҳаяҷон гап мезад, ки гоҳо нафасаш мегирифт. Хурсандии модар писарашро мутаҳаййир мекард.
- Агар пас аз он ҳама ҷабру хориҳо барои сиҳат шудани ин мард сидқан часпу талош доред, пас ӯ барои шумо бисёр муҳим аст. - гуфт писараш.
Зан аз шарм сурх шуд: - Худатро эҳтиёт кун, - гуфту гӯширо қатъ кард Писари калониаш чанд дафъа занг зад ва як дафъа ба аёдати модар омад, аммо чун фаҳмид, ки беморро ҳанӯз ҳам набурдаанд, аз дами дар савғотиҳои овардаашро доду бо баҳонаи “кори бисёр дорам” ба хона надаромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор