Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сабзию пиёзро партофтаму гурехтам. Ниҳоят як дугонаам кумак карду маро дар ошхонаи донишҷӯён ҳамчун назофатчӣ ба кор гирифтанд. Шояд ту надонӣ, аммо ман фарзандонамро бо сарқути донишҷӯён бузург кардам. Ту ду кӯча он сӯ гули либосро мепӯшидӣ, барои бачаи навзодат тӯй медодӣ, аммо писарҳои ман як кафши зимистонаи шарикӣ доштанд, ки калонӣ саҳар мепӯшиду ба мактаб мерафт ва дуюмӣ баъд аз зуҳр кафшҳоро дар ними роҳ аз пойи ӯ мекашиду ба дарс медавид. Чӣ сахт буданд он солҳо!
Падарат марди оқиле буд, Худо раҳматаш кунад, мегуфт:

  • Доимо яксон намонад ҳоли даврон ғам махӯр!
    Чанд бор даъваташ кардӣ, ки ба хонаи нават кӯч бандад, розӣ нашуд. Пеш аз маргаш вакилро даъват кард ва ин хонаро ба номи ман навишт. Дуру дароз бемор шуд, се сол бемори ҷогаҳӣ буд. Набераҳояш ӯро чун гул нигоҳубин карданд. Аз ту норозӣ рафт, аз ғояти хиҷолат фақат мегиристу мегуфт, агар мурдам, ба ҷанозаам наояд. Аммо мо туро даъват кардем. Баъди панҷ соли ҷудо шуданамон туро бори аввал дар ҷанозаи падарат дидам. Дилам аз ҳаяҷон ҷағид, дар назарам он қадар дастнорас будӣ, ки, ангор, на ду кӯча дуртар, балки дар сайёраи дигар мезистӣ. Баъди гӯручӯби мӯйсафед, ба ҷойи он ки ба рӯям нигоҳ кунӣ, дар лаби кӯрпачаи айвон пул гузоштӣ ва гуфтӣ, ки ин пулҳоро дар хайру худоии мӯйсафед сарф кунем. Падарат дар рӯзҳои сахт ҳамеша ба хобам меояд, хеле меҳрубон аст, ҳамоно мегӯяд:
    “доимо яксон намонад ҳоли даврон ғам махур”. Падарат боре ба хоби ту омадааст?
    Зан нохудогоҳ ҷумлаи охиринро баланд гуфт, бемор такон хӯрд ва зан ларзиши бадани ӯро дар пушти худ эҳсос кард.
  • Бас аст, биё дароз бикаш, - гуфт ва беморро ба бистараш хобонд.
    Ӯ акнун рӯзе чанд дафъа дар такяи зан менишаст ва аз ин нишастанҳо хушаш меомад.
пешина
аз 473
навбатӣ