ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Зан пушт гардонду ба мард ҷафс шуд ва вазни ӯро бар дӯш гирифт. Бемор оҳи сабук кашид, барои ӯ ин нишастанҳо оғози умедворӣ барои баланд шудан аз ин ҷогаҳ буд. Аммо барои зан ҷафс шудан бо мард парда бардоштан аз рӯи дарунитарин розҳояш.
“Соле, ки ту рафтӣ, ман 35 сол доштам ва дар давутози бача бузург кардан ҷогаҳи ҳамсариро ба серӣ надидам.
Бачаҳоямро аз обу гил баровардам ва акнун каме роҳат мешудам, ки ту юрға бадар кардӣ. Ташнаи навозишу ишқварзӣ будам. Ҳар шаб рахти хоб иваз мекардаму гулоб мепошидаму худамро оро медодам ва туро интизор мешудам.
Ту гоҳ меомадиву гоҳ шабҳо гум мешудӣ. Шабе, ки меомадӣ, дағалона “он тараф хоб кун мегуфтӣ”. Ман аз шарми бешармиам ба худ мепечидам ва чун хорпушт дар кунҷе кулула мезадам. Чӣ беҳуда буданд он солҳо!
Баъди ту чандин нафар хостгор баромад, ман ба ҳамааш ҷавоби рад додам, ту маро аз ҷинси мард гурезон кардӣ, эътимод ба нафсамро шикастӣ. Ба андозаи як дунё ба ту қаҳр доштам, вале ба андозаи ду дунё дӯстат медоштам.
Муаллима дирӯз маро таъна зад, ки бачаҳои ман пули туро хӯрдаанд ва бояд падарашонро нигоҳубин кунанд. Ту намедонӣ мо чӣ қадар азоб кашидем!
Пуле, ки ба мо медодӣ, барои хӯрондан ва пӯшонидани се бача кофӣ набуд, то зинда будани падари худораҳматиат пули бознишастагии ӯро харҷи рӯзгор мекардем, ӯ мурду мо дармонда шудем. Чанд вақт кор кофтам, вале коргари бедиплом ба касе даркор набуд. Боре ба дӯкони сабзавотфурӯшии канори роҳ рафтам, то ҳаддиақал сабзиву пиёз қарз бигирам. Фурӯшанда як марди лақайи рафидарӯ буд, гунаҳояш сурх ва чашмонаш мисли шикофи сӯзан танг.
Гуфтам, ки сабзавот қарз диҳед, пулро охири ҳафта меорам.
Ӯ сабзиву пиёзро бармекашид ва мегуфт, «ҳайф ки мо мардҳои бузбула истодагӣ шумо хорӣ бикашед». Нигоҳаш мисли шуллук часпаку нафратовар буд ва аз зери пилкҳои дамидааш сар то ба пойи маро мемакид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор