Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мард бо ишораи даст гуфт, ки ҷояш роҳат аст.

  • Бошад, роҳат кун.
    Ҳодисаҳои манфӣ, ки аз таҳхонаи мағорбастаи зеҳни зан чун ҷин аз кӯза берун мешуданд, барои худаш нохушоянд буданд. Намехост аламаш дубора тоза шавад ва ба рафтораш нисбати бемори барҷомонда таъсир гузорад. Аммо ҳайҳот, ҳодисаҳо чун корвони шутурҳо, ки дар хурҷинашон хирманхирман қиссаҳои ношод доштанд, аз пеши назараш гузаштанд. Ӯ аламҳояшро хомӯшона ба худаш мегуфт.
    “Медонистам, ки ҳеҷ гоҳ ошиқи ман набудӣ, аз аввал медонистам, худро ба кӯриву карӣ мезадам, аммо ҳис мекардам. Солҳо бароят танҳо хизматгор будам, шӯстаму руфтаму пухтам, то ту роҳат бошӣ, бароят бачаҳои зебо ба дунё овардам, такягоҳат будам. Вақт дарду ғами одамро кам мекардаст. Ман бисёр аламҳояро фаромӯш кардам, аммо як нигоҳатро, умре дорам фаромӯш намекунам. Рӯзе, ки гулбаргҳои ҳамон гелосҳоро руфтам, ту бо танаффур ба ман нигоҳ кардӣ, ҳис кардам, ки аз ман мутанаффирӣ. Он нигоҳ мегуфт, “ту як мавҷуди ночизӣ ва кирои дар ин зебоӣ зистанро надорӣ, он нигоҳ мехост ҳукми марги маро эълон кунад. Оё ту чунин нигоҳро боре таҷриба кардаӣ? Агар накарда бошӣ, муҳол аст, маро дарк кунӣ. Ман он нигоҳро солҳо хоб медидам ва ҳар бор бо ҳарос бедор мешудам. Он баҳор эҳсос кардам, ки ҳарф заданам, нон хурданам, роҳ рафтанам ва ҳатто нафас кашиданам бароят нафратовар аст.
    Чӣ дарднок буд он эҳсос!
    Зан ногаҳон дарк кард, ки бо тамоми бораш ба бемор такя кардааст.
  • Вой, ман инро куштам ку.- гуфту аз ҷой парид ва беморро ба ҷогаҳ хобонд.
    -Камарат дард кард, лат хурдӣ? - пурсид ӯ бо нигаронӣ.
    Мард бо ишораи инкор дасташро ҷумбонд.
  • Мехоҳӣ боз бишинӣ? Мабодо зӯрат наояд?
    Ишора кард, ки мехоҳад бишинад.
пешина
аз 473
навбатӣ