Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Акнун ба шустушӯи субҳгоҳӣ, маҳси тани фалаҷи бемор илова шуд. Зан дасту пои ӯро болову поён мекард, дар такяи худ мешинонд ва баъд мехобонду бари рӯи шахшудаашро бо шонаи барқӣ ва латтаи нарм молиш медод. Ин корро рӯзе се дафъа иҷро мекард, хаста мешуд, арақ мекард, аммо маҳсро идома медод. Агар касе қиссаи занро надонад ва талошҳои ӯро бубинад гумон мекунад, ки ин мард умре ба занаш хизмат карда буд ва ҳоло зан дар посухи он хубиҳо талош дорад, ӯро рӯи по монад.
Дар ин рӯзҳо боре ҳам аз худ суол накард, ки чаро аз ин одам муроқибат мекунад, чаро рӯзи аввал бо дидани занбару марди фалаҷ ба воҳима афтод, доду фарёд кард, вале ҳоло чун ғилдирак беист тоб мехурад ва наметавонад манъ шавад.
Хел ба хел ғизоҳои парҳезӣ мепазад, то хуни бемор тоза шавад ва зудтар бо пойи худ аз бистар бархезад. Шояд дар гӯшаи дилаш эҳсос мекунад, ки бо ҳузури ин марди фалаҷ гузори рӯзҳои якнавохти зиндагиашро осонтар шудааст.
Духтур таъкид кард, ки бо бемор танҳо дар бораи ҳодисаҳои хотирмони зиндагиаш суҳбат кунад, то ҳуҷайраҳои мағзаш фаъол шаванд ва чизҳоеро, ки фаромӯш кардааст ба ёд биёрад.
Зан беморро дар бистар шинонд, ҳарду пушт ба пушт нишастанд. Хост бо ӯ дар бораи ҳодисаҳои мусбати зиндагии шарикиашон нақл кунад. Ҳар қадар хотираҳояшро такурӯ кард, аммо чизе ба ёдаш наомад. Аз рӯзи аввали издивоҷ то рӯзи талоқ дунё гӯё дар гирди ҳамин мард чарх мезад ва зан шодиву фароғати маҳдуде дошт. Хушбахтарин шабҳояш ҳамон шабҳое буданд, ки мард рӯяшро тарафи ӯ мегардонд ва дар торикӣ ба оғӯш мекашид... баъд зуд хобаш мебурд, ё шояд амдан худро ба хоб мезад.
Бемор вазнашро бештар ба пушти зан мепартофт, мисли ин ки хаста шуда буд.

  • Хаста шудӣ? Ба ҷогаҳ фарорамат? - пурсид зан.
пешина
аз 473
навбатӣ