Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гуфт, ки то расидани кати махсус, рӯзе чанд дафъа беморро дар такя бигирад ва дар ҷойи хобаш шинонад. Барои маҳси рӯяш шонаи барқӣ дод. Парастор гуфт, ки ин шона мушакҳои шахшударо дубора фаъол мекунад.
Зан ҳамаи гуфтаҳои парасторро дар дафтар навишт баъд ӯро бо бемор танҳо гузошт ва аз пайи оши палав шуд. Ошро бо ҳам хӯрданд ва каме ба бемор ҳам доданд. Хушаш омад, шояд моҳҳо ош нахӯрда буд.

  • Шавҳари шумо одами хушбахт будаст, баъзе занҳо ҳамаро бар дӯши духтур мепартоянд ва худашон барои бозгашти ҳамсарҳояшон ба зиндагии маъмулӣ коре анҷом намедиҳанд, - гуфт парастор.
  • Ӯ шавҳари ман нест, яъне буд, ҳоло нест, солҳо пеш зани дигар гирифт.
  • Занаш дар қайди ҳаёт нест?
  • Чаро? Хеле зиндаву сиҳату саломат аст, ду кӯча он тараф зиндагӣ мекунад, вале бори шавҳари бемораш ба дӯши ӯ сангинӣ кард ва ӯро ба хонаи ман фиристод.
  • Шӯхӣ мекунӣ!
  • Шӯхии чӣ, бомдоди парерӯз ӯро дар занбар оварданд ва партофта гурехтанд. Парастор сарнавишти занро хомӯшона гӯш кард, ҳайрону мутаассир шуд.
  • Ба гузашта салавот бигӯед, бадиҳоро ба кунҷи фаромушӣ биспаред, аз ӯ муроқибат кунед, Худо ҳатман подош медиҳад. Ҳоло шумо барои ин бемор фариштаи наҷотед. Кӣ медонад, шояд дар сари пирӣ боз якҷо шавед, гуфт ӯ ва ба тарафи зан чашмак зад. Ҳарду хандиданд. Ҳавлӣ аз садои хандаи занҳо зинда шуд, синаҳои калони парастор мисли кӯҳони шутур ларзиданд, бемор ҳам лабханд зад аммо занҳо хандаи ӯро намедиданд, онҳо дар кати рӯи ҳавлӣ машғули ҳарфҳои занона буданд.
    Парастор ду рӯз пайи ҳам омад, баъд кори занро имтиҳон карду гуфт, ки маҳсро хеле хуб ёд гирифтаст ва метавонад аз бемор мустақилона парасторӣ кунад.
пешина
аз 473
навбатӣ