ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Шумо марди хубе тарбият кардед. - гуфт.
Чашмони зан аз ифтихор пури об шуд, духтурро модарвор бағал кард. Раҳ ба раҳ ашки чашмонашро пок мекард ва дилаш барои дидани бачаҳояш гум мезад. Зан ба айвон баргашта доруву коғазҳоро дубора ба ҷомадон андохт.
Бемор аз ҳаракатҳои ӯ чашм намеканд, хавотир буд. Рӯ ба зан овард ва бо ҳамон садоҳои номафҳум чизе гуфт. Ҳамон як чашми бозаш он қадар илтиҷо дошт, ки мегуфтӣ, чорчашма илтимос дорад.
Зан дар канори бистар нишаст ва суоломез ба ӯ чашм дӯхт. Дар чашми бемор ашк ҳалқа зад, маълум набуд, ки аз зеҳнаш чӣ мегузарад. Чизе буд, ки ӯро метарсонд, шояд фикр кард, ки баъди таъкидҳои духтур зан аз нигоҳубинаш даст мекашад ва ӯро ё ба хонаи маъюбон мефристад ё ба хонаи муаллима.
- Нигарон набош, аз нигоҳубинат даст намекашам, ман аз падари худобиомурзат, ки то дами маргаш ба мо вафодор монд, қарздорам. То туро рӯи по намонам, аз ман халосӣ надорӣ, -шӯхӣ кард ӯ. Духтур ба сиҳат шуданат хушбин аст, фардо парастор мефиристад, оҳиста-оҳиста бояд машқ кунӣ ва дубора роҳ рафтан омӯзӣ. Бемор нобоварона ба ӯ нигоҳ кард.
- Бовар намекунӣ? Ҳоло мебинӣ, фардо парастор меояд ва охири ҳафта бароят кати махсус меорад, ки пасту баланд мешавад ва лӯлае дорад, ки дастҳоятро машқ медиҳӣ.
Он шаб бемор ҳаяҷон дошт, бо забони нофаҳмояш ғурунг-ғурунг мекард, шояд таъсири хушбиниҳои духтур буд ё ҳарфи занаш, ки гуфт, аз баҳраш намегузарад.
Парастор зани миёнсоли хушчақ-чақ будаст, аз қабили занҳое, ки сурати зебо надоранд, аммо забони ширинашон одамро мафтун мекунд. Ӯ саҳар омад, хилъати сафед дар тани чоқаш тангӣ мекард, аз парастор дида ба ошпаз монанд буд. То бегоҳ ба зан дарси бемордорӣ омӯхт ва маҳси дасту пойро ёд дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор