ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданДухтур дигар кунҷковӣ накард ва аз бемор пурсид, ки чӣ ҳол дорад.
Ғайричашмдошти зан бемор бо духтур бозтар буд, ба ҳар суоли ӯ ё бо ишораи чашм ё даст посух медод, кӯшиш мекард гап занад. Аз нутқи ӯ чизе фаҳмида намешуд, аммо мисли ин ки духтур мефаҳмид, ки бемор чӣ мегӯяд.
Ӯ ниҳоят муоинаро тамом кард ва занро ба кунҷи дигар айвон бурд, то бемор суҳбати онҳоро нашнавад.
- Агар шумо масъулияти беморро бар дӯш гирифтаед, бояд хеле сабур бошед, худро ба ин омода кунед, ки барои ба по хезондани ӯ бояд кори бисёреро анҷом диҳед, ҳар соат, ҳар рӯз. Ин гуна беморҳо таваҷҷуҳи бештар талаб мекунанд...
- Ба по мехезад? - пурсид зан бо хушнудӣ.
- Бале, аммо аз муроқибати бемор вобаста аст, бояд тамоми вақти шумо сарфи нигоҳубин шавад. Ин хел имконият доред?
- Ман як одами бекорам, ҳарчӣ аз дастам биёяд анҷом медиҳам.
- Хеле хуб, ман фардо парастор мефиристам, ӯ бо шумо роҳу равиши муроқибат аз беморро нишон медиҳад. Беморро дар замин хобондан зарар дорад, бояд дар кат бихобад.
- Дар хонаи поён чанд кат дорем, якеашро меорем.
- Кати махсус даркор,
- Кати махсус? -
- Шумо нигарон набошед, ман инро ҳал мекунам.
- Ташаккур писарам, савоби ду дунёро мегиред.
- Духтураш доруҳои дуруст таъйин кардаст, ман як доруи иловагӣ навиштам, фардо бо парастор мефиристам, тахти хобро то охири ҳафта меоранд.
Зан духтурро то дами дар бурд, гаштаву баргашта сипос гуфт. Духтур меҳрубонона бо ӯ хайрухуш кард ва гуфт, ки барои сиҳат шудани падари Фарҳод кӯмакашро дареғ намедорад.
-Ман як сол бо писари шумо дар хориҷа кор кардам ва мисли ду бародар будему аз ӯ некии зиёд дидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор