ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Мехоҳӣ чизе бинависӣ? - пурсид ӯ аз бемор, - бинавис, шарм надор.
Бемор қаламро сахттар фишурд, дасташ меларзид, ҳолаташ бад мешуд. Зан зуд дастури навиштаи муаллимаро аз ҷомадон берун овард, яке аз доруҳо бояд мусаккин бошад.
Доруро пайдо кард ва бо чакона ба даҳони бемор рехт. Бемор баъди чанд лаҳза чашмашро пӯшид ва нафаскашиаш тадриҷан муътадил шуд.
Бегоҳи ҳамон рӯз писари дуюмаш занг зад. Аз фалаҷ шудани падараш изҳори таассуф кард ва гуфт, ки як дӯсташ духтури асабшинос аст ва метавонад дар эҳёи падар кӯмак кунад. Писараш ваъда дод, ки ҳамин ҳоло ба духтур занг мезанад. Зан хурсанд шуд, “ аз се фарзанд ҳаддиақал якеаш одам баромад”-гуфт. Писараш баъди як соат занг зад ва гуфт, ки духтур бегоҳ ба хона меояд.
Духтур қарибиҳои шом омад, як марди айнакии камгап будаст, тахминан ҳамсоли писари бузургаш. Қабл аз муоина таърихи бемориро пурсид. Зан тамоми санадҳои бударо аз ҷомадони зард берун овард. Ӯ хеле варақҳоро таку рӯ кард, тасвири мағзи беморро дид ва ҳар дам “ҳмм” мегуфт. Ниҳоят аз коғазҳо сар бардошт ва рӯ ба бемор овард. Аз дастонаш гирифту ӯро аз ҷой хезонд, дастонашро болову поён кард, пойҳояшро санҷид, ки эҳсос доранд ё не.
Аз омадани духтур якуним соат гузашт, аммо ӯ ҳоло ҳам бо бемор ҷумбуҷул дошт. Хеле оҳиста ва эҳтиёткорона кор мекард. Ҳар мушаки беморро месанҷид, дар ҷомадонаш хеле асбоб дошт. - Корҳои тавонбахшии беморро кай оғоз кардед? - пурсид духтур.
- Намедонам ...чӣ бигӯям, ӯро дирӯз оварданд,
- Фарҳод гуфт бемор падари ӯст..
- Бале падари Фарҳод аст, аммо аз мо ҷудо зиндагӣ мекард, бо хонаводаи худаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор