Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ақаллан ба ҳурмати падарбузург, ки шуморо аз ҷонаш бештар дӯст медошт, метавонистед ба писари ӯ тараҳҳум кунед?? Худоё, ман киро бузург кардам! Шумо аз кадом тоифаед?
Ин дам бемор садо баланд кард, нисбат ба ғурунгоси рӯзи гузашта баландтар буд.

  • Нороҳаташ кардед, акнун дошт ҳолаш беҳтар мешуд, гуфт зан ва беҳолона дар лаби кат нишаст. Писару духтараш, ки аз лаҳзаи ворид шудан ба ҳавлӣ азми рафтан доштанд, дар паҳлуи модар нишастанд.
  • Модар, шумо дигар ҳастед, мо шуморо чун мардумаки чашми худ эҳтиёт мекунем, - гуфт писараш ва сарашро дар китфи модар гузошт. Духтараш низ модарро бағал кард...
  • Чашме, ки аз шумо дидаам, Худое накарда фалаҷ шавам, дар рӯзи аввал маро ба хонаи ғарибон месупоред.
    Биравед, аз пайи кори худ шавед, ман на ба машварати шумо ниёз дорам на ба дилбардориатон. Дуруст гуфтаанд, олим шудан осону одам шудан мушкил.
    Бародару хоҳар хомӯшона аз ҳавлӣ баромаданд, онҳо пеш аз нишастан ба мошинҳояшон модарро ками дигар сарзаниш карданд ва ҳайрон буданд, ки чаро ӯ аз гапи ҳақ меранҷад.
    -That's crazy, - гуфт духтараш ва мотори мошинашро рӯшан кард.
    Баъди рафтани фарзандон чеҳраи бемор мисли рӯзи гузашта карахт шуд, ӯ аз сақф чашм намекард.
  • Ба дил нагир, ҷавонанд, як рӯз не як рӯз аз аспи ҷаҳл мефароянд, гӯштро магар мешавад аз нохун ҷудо кард? Зан инро мегуфт, аммо ба гуфтаҳои худаш бовар надошт.
    Бемор дар дасти чапаш қаламро мефушурд, нафасаш танг ва қафаси синааш пасту баланд мешуд. Зан қаламро диду аз дилаш гузашт, ки шояд ӯ мехост ба фарзандонаш чизе бигӯяд.
пешина
аз 473
навбатӣ