ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданМодар ба либосҳои тангу кутаҳ ва ба танаш часпидаи духтараш норозиёна нигоҳ кард.
- Барои дилбардорӣ ҳарф задан шарт нест, муҳим эҳсоси шафқат аст. Мутаасифона, ин эҳсосро дар ту бубанданд ҳам намеистад,- гуфт бо таассуф.
Духтар чашмонашро норозиёна чархонд.
Писараш файласуфона дар ҳавлӣ қадам мезад ва носеҳона модарро сарзаниш мекард. - Бояд ӯро ба хона роҳ намедодӣ, намедонам чаро барои худат дарди сар гирифтӣ. Ман ҳамон рӯз дар телефон гуфтам, ки сари ман ҳисоб накун. Барои ман падарӣ накардаст, ки имрӯз дасташро бигирам. Аз даҳсолагӣ бозор ба бозор бор кашондам, ки ду танга ба хона биёрам. Бо саводи худам донишҷӯ шудам. Ҳамкурсҳоям бо духтарҳо ба театру кино мерафтанд, ман дар истгоҳи роҳи оҳан халта- халта зуғол мекашондам, ки пули иҷораро бидиҳам ва китоб бихарам.
Ёдат рафт, туро чӣ тавр таҳқир мекард?
Модар ангушт ба лаб гузошт ва ишора кард, ки пасттар гап занад, то бемор нашнавад. - Бигзор бишнавад, ман гапи пинҳонӣ надорам, метавонам ин ҳарфҳоро дар рӯяш бигӯям, - таҳдид кард писар.
Зан аз дасти писараш кашид ва нагузошт, ки ба айвон наздик шавад. - Ӯ ба ман бадӣ кард гуфта, агар бо бадӣ ҷавоб диҳам, пас ман аз ӯ чӣ фарқ дорам? Мегӯянд, ки агар падару модар хук шаванд, фарзанд бояд хукбонӣ кунад. Ин марде, ки чун чанори шикаста дар рӯи айвон хобидааст, падари шумост, ҳатто агар дар ҳаққи шумо ҳеҷ хубие накарда бошад, барои ба дунё омаданатон сабаб шудааст. Шумо ин зиндагиро мадюни ӯ ҳастед, мефаҳмед? Хурд будед, вақте бемор мешудед, ӯ ҳам баробари ман дар сари болини шумо бедорхобӣ мекашид, ними шаб духтуркобӣ мекард, шуморо дӯст медошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор