Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба захмҳояш малҳам меолиду ӯро ба оянда хушбин мекард.

  • Ноумед набош, шунидаам, ки беморони фалаҷ бо нигоҳубини хуб ба по мехезанд ва асли қадим мешаванд.
    Худо меҳрубон аст, ту ҳам сиҳат мешавӣ, иншоаллоҳ. Аз ин ҳарфҳо ба гунаҳои мард сурхӣ медамид. “Бечора, муҳтоҷи ҳарфи хуб аст”- аз дил мегузаронд зан.
    Ногоҳ ба ёд овард, ки аз дирӯз пероҳани худашро иваз накардаст. “Ин мардак мегуфтагист, чӣ қадар зани шалақ доштам, ки бо як пероҳан кор мекунаду бо ҳамин пероҳан мехобад. Бӯйи атри муаллима як кӯчаро пур мекард, ин зан бошад, бӯи хоку чанг мекунад”- аз дил гузаронд ӯ. Сареъ душ гирифту ҷевонро кушод, то либоси тоза бигирад. Аввал хост як куртаи нимдошти хонапӯширо ба тан кунад, аммо дар хона мардак аст гуфту либоси беҳтар пӯшид. “Тавба, мардаки бечора эзорашро поён карда наметавонад, ман бошам чӣ хаёлҳои ботил дорам”, - аз ин андешаҳо хандааш омад. Зан баҳори ҳамин сол ба синни шаст қадам гузошт. Агарчӣ дар ин 25 сол сахтиҳоеро аз сар гузаронд, аммо гандапир нашуд.
    Ба пичаҳои чун шаб сиёҳаш сафедӣ дамид, аммо чашмони бодомияш ҳанӯз хам назадаанд, чеҳрааш ҳоло ҳам дилкаш аст ва раддаи дандонҳои чун садаф сафеду зебояш осеб надиданд. Атрофи чашмонаш каме ожанг дорад, аммо, вақте механдад, аз синну солаш ҷавонтар метобад.
    Нисфирӯзӣ ғайриинтизор духтару писараш омаданд.
    Модар шод шуд, ки фарзандонаш одамгарӣ доштаанд. Аммо акаву хоҳар ба сӯи айвон нигоҳ ҳам накарданд, саросема буданд, ангор мехостанд ҳарфи муҳимеро бигӯянду бираванд.
  • Бирав бо падарат салом кун, рӯҳаш бардошта мешавад.- хоҳиш кард аз духтараш.
    Духтараш, ки бо қомати баланд, гесувони чун шоҳӣ ҳамвору барроқ ва чеҳраи зебо моделҳои рӯи саҳнаро мемонд, дасташро ба кунҷи лабаш бурд ва бо овози пасти танҳо баро модараш шунаво гуфт, -Ман ӯро ёд надорам, кӯдак будам, ки шумо ҷудо шудед, биравам, чӣ бигӯям, салом падар, ман духтари шумоям??
пешина
аз 473
навбатӣ