Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дилат чӣ мекашад?
Бемор дасти сиҳаташро бо ишораи “ҳеҷ чиз даркор нест” ҷумбонд.

  • Ҳо, ҳоло мегӯи ҳеҷ чиз даркор нест, ду се соат баъд шикамат чангу рубоб мезанад, - гуфт. Ба назараш намуд ё мард воқеан табассум кард. Зан шод шуд.
    Ӯ аз пайи рӯбучини хона рафт. Се сол боз танҳо зиндагӣ мекунад. Метавонад ҳавлиро ҳафтаҳо ҷорӯб назанад, касе ба меҳмонӣ намеояд, ки эрод бигирад. Аммо ӯ ҳар саҳар ҳавлиро об мезанад, боғчаро об медиҳад, хӯрок омода мекунад, баъд дар рӯи айвон дастархон мепартояд, аммо ба ҷуз як пиёла чой ва як пора нон чизе аз гулӯяш намегузарад.
    Пештар гоҳ-гоҳ зани ҳамсоя меомад ва ҳарду бо шавқ соатҳо чой менушиданду суҳбат мекарданд. Аммо ҳамсояро духтараш ба хонаи худаш бурд, нахост модараш танҳо бошад.
    Фарзандони зан ҳам модарашонро дӯст медоранд, аммо ӯро зиёд ба меҳмонӣ даъват намекунанд. Боре писари калониаш гуфт, ки ҳавлиро иҷора диҳанд ва модар ба хонаи ӯ кӯч бандад. Зан розӣ нашуд, медонад, ки келинаш одамдӯстдор нест. Хонаи духтарашро як бор дидаст, соле, ки ӯ кӯдак зойид ва модарашро барои “чиллабарорӣ” бурд. Духтараш ӯро борҳо ба хонааш даъват кард, аммо зан нарафт. Дар хонае, ки пардаву қолину девору нимкаташ чун барф сафеду тоқчаҳояш пур аз ҳайкалҳои каҷукилеби муҷҷалал ва деворҳояш пур аз нақошии гаронбаҳост, ӯ худро дар осорхона ҳис мекунад ва аз даст расондан ба чизе меҳаросад.
    Писари дигараш аслан хонае надорад, то рафтан ба хориҷа ҳамоҳи модар зиндагӣ мекард. Зан ба хонаи худаш одат кардааст, хушаш меояд, ки фарзандон ба диданаш биёянд.
    Ӯ дар байни корҳои хона чанд дафъа аз бемор хабар гирифт. Барояш бо гӯшти чархкарда ғелакшӯрбо пухт.
    Шарми бемор тадриҷан мепарид, ӯ акнун аз амрҳои зан сарпечӣ намекард. Зан аввал ӯро сер кард ва баъд худаш як ду қошуқ шӯрбо хӯрд. Меҳрубонияш бо мард сохта набуд, самимӣ буд.
пешина
аз 473
навбатӣ