Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зан ногаҳон дарк кард, ки дар бораи дардноктарин марҳилаи зиндагиаш он қадар бедард сӯҳбат мекунад, ки ангор на сарнавишти худ, балки достони зани дигарро ҳикоят мекунад.
То дер хобаш набурд, он рӯзҳоро ба ёд овард, порчапорча, қисматҳоеро, ки дар хотираш монданд, мушкилоти хурду резааш дар таҳхонаи зеҳнаш мағор баста, эҳсосеро бедор намекарданд. “Аҷаб, дарду ғам низ муҳлати истифода доштаст, куҳна мешудаст. Дарде, ки мағз мағзи устухонамро месӯзонд дар тӯли ин солҳо фарсуда шуду рафт. Агар хашми он солҳо то ҳол боқӣ мемонд, мебоист ин мардакро бо занбараш шаттазанон ба кӯча мепартофтам. Аммо ҳоло дилам ба бекасиаш месӯзад. Бо ин андешаҳо бехабар хобаш бурд. Даводави рӯз, асабоният ва нигоҳубини бемори фалаҷ ӯро беҳол кард, аммо хобаш роҳат набуд, чанд дафъа бедор шуду ба сари болини шавҳараш омад, нафаскашиашро гӯш кард. Қарибиҳои саҳар падаршӯяшро хоб дид, мӯйсафед ғамгин буд ва бо илтиҷо ба келинаш нигоҳ мекард. Ҳарфе назад, аммо маълум буд, ки ташвиш дорад.
Субҳ бо хониши мурғкон ва шафақи лолагун дар домани осмон фаро расид. Бемор барвақт бедор шуд, рагаш намеҷумбид, мижа ҳам намезад, шахшудаву беҳракат буд, мисли ҳайкали санг. Аммо зан дар хоб монд, намозашро ҳам қазо кард, агар нури офтоб намебуд, шояд то нимирӯз мехобид. Ҳадаҳа аз ҷой ҷасту сари болини бемор рафт. Нури офтоб рост дар рӯи бемор мезад.

  • Садо баланд намекунӣ, ки ман ҳам бедор шавам охир! - гуфт ва ба тарафи ҳаммом давид. Оби гарм оварду беморро шустушӯ дод, либосашро иваз кард, дасту рӯяшро шӯст, ба захмҳояш марҳам молид ва ба баданаш атр пошид.
    Дорӯҳояшро дод, баъд атола пухт. Бемор ин дафъа саркашӣ накард, даҳонашро нимабоз карду атоларо хурд, аз пиёлаи нӯлдор чойи ширин нушид ва беҳол шуду чашмашро пӯшид.
  • Ту бихоб, ман каме ин тарафу он тарфро ҷамъ кунам, баъд бароят ягон ғизои бомазза мепазам.
пешина
аз 473
навбатӣ