ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданӮ ҳар лаҳза аз бемор мепурсид, ки ташна нест ё дард надорад? Бемор бо ишораи даст аломат медод, ки ҳолаш хуб аст.
Шом бо доруву дармони бемор гузашт ва шаб фаро расид.
Зан аввал хост ба хонаи хоби худ баргардад, аммо дилаш нашуд одами беморро танҳо монад, аз меҳмонхона кӯрпаву болишт гирифт ва каме дуртар аз бемор барои худаш ҷогаҳ андохт.
Ӯро як тарафа хобонд, то захмҳояш баданаш шифо ёбанд, дар пушташ чанд болиштро ҳамчун такягоҳ гузошт, хотираш ҷамъ шуд, ки бемор бо тани тоза ва шиками сер мехобад. Худаш ҳам ба ҷогаҳаш дароз кашид, хаста буд, аммо хобаш намеомад.
- Хобидӣ? - пурсид аз бемор.
Мард чизе нагуфт, аммо чашми сиҳаташ дар рӯшноии моҳтоб медурахшид.
-Аз тақдир гурехта намешудаст,, охир гашта-гашта ба рӯи дӯкони падарат омадӣ.
Ман ба фолбину табиб мардум эътиқод надорам, аммо вақте маро партофтӣ, дарди ҷудоӣ он қадар афгорам кард, ки ба ҷустуҷӯи фолбинҳо рафтам. Як зани фолбин буд, ҷавон, зебо, бузургҷусса, ду дафъае, ки ба наздаш рафтам мардуми зиёдро дар кӯча дидам, беморҳои барҷомонда, занҳои ҳомила, духтарҳои замонавӣ, ҳама навбат мепоиданд. Аммо моро қабул накард, дар роҳрави хонааш мисли чанори сарнагун ба тахтаи пушт хоб буд, хоҳараш гуфт, ки ҳар бор табибро «касалаш бигирад», ҳамин тавр ду се рӯз дар ҷойи афтидааш беҳуш мехобад. Чанд дафъа рафтам, роҳи хонааш дур буд, билохира рӯзе моро ба ҳузур пазируфт. Ин зан ба ман як ҳарфи ҷолиб гуфт, ки он вақт боварам нашуд, аммо ҳоло ба гуфтаҳояш сарфаҳм меравам. Ӯ гуфт, ки шавҳарат ба пойи худ ба хона барнамегардад. Ҳамин тавр ҳам шуд, ту ба пойи худ наомадӣ, туро дар занбар оварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор