Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Падаратро се сол бо қошуқ хӯрок додам, меъдааш ғизоро ҳал намекард, бечора фақат тарит мехӯрд. Худо раҳматаш кунад, аҷаб инсони хубе буд... Зан шӯрборо хеле пуф кард, то ширгарм шуд.
  • Даҳонатро боз кун, шӯрбо хунук шуд, як-ду қошуқ бихӯр, қувват мегирӣ.
    Бемор даҳонашро боз накард, мисли бачаи хурд лабонашро маҳкамтар пӯшид.
  • Биё, ноз накун, аз гушнагӣ ҳангат намондаст.
    Мард рӯяшро тарафи девор гардонд.
  • Как-кам дорӣ асабониам мекунӣ, бигир, бихӯр ман сад кори дигар дорам.
    Мард қошуқро бо дасти сиҳаташро тела дод ва оби шӯрбо ба болишт рехт. Зан нороҳат шуд, аммо чизе нагуфт.
    Бемор бистарро даст-даст кард ва аз зери кӯрпа қаламро бардошт, зан зуд дафтарро дар рӯи болиштак гузошт. Хеле зӯр зад, бо дасти чап навиштанаш осон набуд. Билохира бо ҳарфҳои каҷу килеб “ИШТИҲО НАДОРАМ” навишт.
  • Омаданатро панҷ шаш соат шуд, чӣ хел иштиҳо надорӣ? Гуфт зан ва ногоҳ аз зеҳнаш гузашт, ки мушкилаш қазои ҳоҷат аст, шояд шарм медорад.
  • Ман хеле гуруснаам, аз саҳар об дар даҳон накардаам, агар ту нахурӣ ман ҳам чизе намехурам, фаҳмидӣ?
    Мард бо аломати “фаҳмидам” мижа зад.
  • Офарин, акнун даҳонаро боз кун, як қошуқ ту мехӯрӣ, як қошуқ ман.
    Ғизо хӯрдан барои бемори фалаҷ осон набуд, оби шӯрбо аз канори лабаш мешорид, нонро хоида наметавонист.
    “Ҳайф, ки ба ин ҳол афтодӣ, чӣ қадар марди хушандому олуфта будӣ”. - мегуфт зан худ ба худ ва ӯро сер мекард. Ба сахтӣ ним коса шӯрборо хӯрд.
    Бо ин андармонӣ рӯзи зан кӯр шуд ва шом ҳам фаро расид.
пешина
аз 473
навбатӣ