Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъд ин бечораро дигар мардигариаш ҳам намондаст», - гуфт ва билохира даст ба шалвори шавҳараш дароз кард.
Тугмаҳои шалвори бемор боз буданд, ангор, шалворро ҳадаҳа ба тани як хӯса кашиданд. Тугмаҳои куртааш ҳам ё дар нӯги ресмон овезон будан ё аслан набуданд, шояд дар кашокаши саҳар афтиданд.
Аз хонаи писари дуюмаш як даста либоси хоб пайдо кард, аз либосҳои дар танаш буда беҳтар, роҳат болову поён мешуданд. Хост шалвори ӯро аз танаш берун биёрад ва либоси роҳатро ба танаш кунад, аммо бемор ғурунгоз зад ва бо дасти сиҳаташ шалворашро қапид.

  • Ман ҳам аз даст расондан ба бадани ту хуш нестам, аммо чӣ кор кунам, ки дигар илоҷ надорам. Агар туро тоза накунам, ҳама ҷоро бӯ мегиронӣ, дастатро бигир. Бемор эзорашро сар намедод.
  • Агар дастатро набардорӣ, хозир дар ҳамин занбар бор мекунам ва хонаи занат мебарам, фаҳмидӣ?
    Бемор дасташро аз шалвораш дур накард, аммо қабзааш суст шуд.
    -Зарур бошад, раво бошад. - гуфт зан ва шалворро аз тани бемор берун кашид.
    Дар тағора оби гарм овард ва бо лиф аввал дасту по ва сипас байни пойҳои мардро шӯст, вақте ӯро яктараф хобонд ва хост пасашро тоза кунад, дид, ки пушту босанаш пур аз захми бистар аст. Муаллимаро дуои бад кард. Гуфт, ки ба ҷазои Худо гирифтор шавад, беморро ба ин ҳол овардаст.
    Захмҳояшро шӯст, доруву дармон молид ва пӯшакашро иваз кард. Оби даҳони бемор дар фуку гарданаш парсин баста буд.
    Рӯяшро бо порчаи нарм шуст ва либоси тоза пӯшонд. Баъд аз пайи хӯрокпазӣ шуд. Муаллима дар дафтар навишта буд, ки бемор ғизоҳои сабук мехӯрад. Ду пойи мурғро ба дег андохт ва барои бемор шӯрбо пухт. Аз рӯи дастури муаллима аввал дорӯҳояшро бо чакона ба даҳонаш рехт ва баъд бо косаи шӯрбо, ки дар дохилаш каме нон пора карда буд, дар канори бистари бемор нишаст.
пешина
аз 473
навбатӣ