Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зан ҷомадони вазнинро бардошт ва сад ҳақорати ногуфта дар забон аз хонаи кундошаш берун рафт.

  • Ту ба куҷои ин зани бедидаву рӯй ошиқ шудӣ, мардаки аблаҳ! - гуфту кӯчаро миёнбур кард, то зудтар ба хона бирасад.
    Ҷомадонро дар назди занбар гузошт ва дари меҳмонхонаро боз кард. Аввал хост барои бемор дар меҳмонхона ҷой дуруст кунад, аммо аз фикраш гашт.
  • Имшаб дар ҳамин айвон бихобад, то бубинем, Худо чӣ медиҳад? - гуфт ва аз хонаи поён чанд қабат кӯрпаву болишт овард. Кӯрпаҳоро болои ҳам чид ва як бистари роҳат дуруст кард. Акнун бояд беморро аз занбар ба ин бистар мекӯчонд.
    Хост, бачаи ҳамсояро ба ёрӣ даъват кунад, аммо “гапу хабар мекунанд” гуфта, худаш даст ба кор шуд. Болои сари бемор рафт ва аз зери бағалаш бардошт, аммо зӯраш нарасид. Бо вуҷуди сактаи мағзӣ, бемор вазнашро бой надода буд, сангин буд. Зан каме дам гирифт ва дубора аз зери бағали мард бардошт. Баъди чандин талош ниҳоят беморро аз занбар берун оварду ба замин хобонд. То бистар ду-се қадам монда буд. Ӯро кашон-кашон гоҳ аз китфаш ва гоҳ аз пойҳояш бурду ба бистар тела дод, аммо аз бадии кор бемор ғел хӯрду ба шикам зад. Зан “э вой” - гуфту ӯро боз аз бистар ба замин ғелонд. Арақ аз сар рӯяш мешорид, пеши бару таги синаҳояш тар шуданд. Ба замин нишаст ва мардро гоҳ бо даст гоҳ бо пой ба бистар тела дод ва болиштро зери сараш гузошт. То ин ҷо корашро анҷом дод ва каме хурсанд шуд. Аммо ногаҳон ба ёдаш зад, ки бояд шалвори ӯро берун орад ва либоси тоза пӯшонад. Аз қаҳр гиряаш омад. Гоҳ ба мард менигарист, гоҳ ба шалвор ва гоҳ ба тӯдаи либос, ки аз ҷомадон берун оварда буд.
    “Солҳо пеш дар ҳасрате будам, ки як бори дигар дастам ба баданаш бирасад, шабҳои танҳоӣ тани зебояшро ба ёд меовардаму вуҷудам аз шавқ меларзид. Ҳоло ин ҷисм нимҷон ҳеҷ эҳсосеро ба ҷуз дилсӯзиву таассуф бедор намекунад.
пешина
аз 473
навбатӣ