Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан
  • Дилат ба ҳоли шавҳарат намесӯзад? Одам бо як саг чанд сол зиндагӣ кунад дилаш намешавад аз хона берунаш кунад, ту чи тавр тавонистӣ шавҳаратро ба кӯча партоӣ?
  • Чӣ кор ҳам мекардам? “Маро ба хонаи падариам баред», гуфта ҳамаро безор кард. Шумо намедонед мо дар ин ним сол чӣ азоб кашидем, асабҳои кӯдакҳо хароб шуд, ман афсурдаҳолӣ гирифтам.
  • Барои ҳамин масъулияти ӯро бар дӯши ман партофтӣ?
  • Бубинед, агар мантиқӣ фикр кунем, шумо ҳам бист сол бо ӯ зиндагӣ кардед, се фарзанд доред, аз шумо ҷудо шуд, аммо ҳар моҳ ҳақи бачаҳояшро медод. Баъдан, хонае, ки шумо дар он зиндагӣ мекунед, дар асл хонаи ҳамин одам аст.
    Зан чизе нагуфт, нахост он пули ночизро, ки шавҳараш ҳар моҳ ҳамчун “ордпулӣ” барои се кӯдакаш медод, бо ин зан баҳс кунад.
  • Худо аз одамҳои мисли ту паноҳ диҳад, бо ин сангдилӣ ва беинсофӣ дар он дунё чӣ ҷавоб медода бошӣ, -гуфт ӯ бо таассуф.
  • Э, аввал суолу ҷавоби ин дунёро тамом кунем, баъд дар фикри он дунё мешавем. -гӯё шӯхӣ кард, муаллима.
    Зан дарк кард, ки асабҳои ин зан мисли ҷавшани тирногузар аст ва баҳс бо ӯ ё роҳ ба сӯи сактаи қалб аст ё сактаи мағзӣ.
  • Писари бевиҷдонат падарашро монду фирор кард, ақалан нагуфт, чӣ доруву дармон дорад чӣ мехурад, чӣ мепӯшад.
  • Шумо ҷанг кардед, писарам худашро гум кард, вагарна ҷомадони падараш дар мошин буд. Парвиз ҷомадонро биёр! - гуфт муаллима бо аҷала, ки мабодо зан аз фикраш нагардад, – дастуру реҷаи рӯзи ӯро дар ҷомадон гузоштам, доруҳояшро ҳам. Либоси кофӣ дорад, тамом шуд, бигӯед, Парвиз бурда медиҳад. Ин ҷумлаҳо мисли тири мусалсал дар як нафас аз даҳони муаллими берун шуданд.
    Ҷавон беҷуръатона як ҷомадони зардро оварду ду қадам дуртар гузошт ва зуд нопадид шуд.
пешина
аз 473
навбатӣ