ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Ин хел намешавад. - гуфт ва қотеона аз ҷой бархост.
Бемор бо дасти сиҳаташ ба домани ӯ чанг зад ва бо забони нофаҳмо ду калимаро чанд дафъа такрор кард. Нигоҳаш пури илтиҷо буд. Зан забони ӯро нафаҳмид, аммо тахмин кард, ки “аз баҳри ман нагузар” мегӯяд. - Ту дам бигир, ман ҳоло бармегардам.- гуфт.
Ӯ роҳи кӯчаеро пеш гирифт, ки чаҳоряк аср аз он дурӣ меҷуст. Раҳ ба раҳ хонаводаи шавҳарашро нафрин мекард, мехост муаллима ҳамин ҳоло дар пешаш бошад ва ӯ ба мӯю рӯяш ханҷол занад.
Занги дарро пахш накард, дарвозаро бо пояш кушод. - Касе дар хона ҳаст?- пурсид бо садое, ки табли ҷангро мемонд.
Ҳамон ҷавоне, ки саҳар падарашро дар занбар партофту гурехт, даҳонаш то бехи гӯш дар телефонаш нависонавис дошт. Занро диду ханда аз лабонаш нопадид шуд ва “о, блин” гуфту ба сӯи айвон гурехт. Баъди лаҳзае муаллима оромона аз зинаҳои айвон фаромад. - Ассалому алайкум, биёед хуш омадед. – гуфт.
Дар ин 25 сол ӯ бори аввал муаллимаро аз наздик медид.
“Қариб ки дигар нашудаст, ҳамон зани лоғараки гесубурида, ки дунё чаппа шавад ҳам, табассуми сохтааш аз лабонаш дур намешавад. Гӯё ҳамеша дар рӯ ба рӯи дурбини телевизион бошад. «Як каме пир шудаст, аммо ҳоло ҳам ҳуснаш баҷост”, аз дил гузаронд зан. - Аз боло гузаред, чӣ хел шуду шумо тарафҳои мо омадед, - муаллима сайъ дошт занро бо меҳрубонӣ “халъи силоҳ” кунад, ки даъво пеш наояд. Аммо ин меҳрубониҳои сохта оташи хашми занро бештар мекард. Ӯ фақат намедонист ин ҳама ғазабро чӣ тавр ба сари ин зани бе дидаву рӯ холӣ кунад.
- Ту аз Худо наметарсӣ?- ӯ тамоми нафраташро дар ин ҷумла ҷо кард.
Муаллима бечораҳолона лабханд зад, вале чизе нагуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор