ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданДилбастагии шавҳараш ба муаллима он қадар бузург шуд, ки дигар дар доираи забон нағунҷид ва овозааш шаҳрро пур кард.
Худоё, ман бо ин чӣ кор кунам?- Зан ва дар назди занбар сари зону нишаст ва мисли ин ки бо одами кар гап мезада бошад, даҳонашро ба гӯши бемор наздик овард.
- Чӣ ҳол дорӣ? Ташна нестӣ? Об менушӣ?
Бемор чизе нагуфт, оби чашми фалаҷаш ба чаккаи сараш мешорид ва гиребонашро тар мекард. - Мегӯям ташна нестӣ? Шояд гушнаӣ?
Бемор ниҳоят чашми сиҳаташро боз кард, дасташро такон дод ва чизе гуфт. Зан гӯшашро ба даҳони ӯ наздиктар бурд, аммо аз калимаи иборат аз ҳарфҳои “ғ” ва “қ” чизеро нафаҳмид.
Дилаш танг шуд. - Намефаҳмам, ки чӣ мегӯӣ?- гуфт ва ин дам қаламу дафтар ба ёдаш омад.
Қаламро ба дасти сиҳати бемор дод, болишти хурдеро рӯи синааш гузошт ва барои дафтар такягоҳ сохту гуфт: - Бинавис!
Бемор як ба қалам нигоҳ мекарду як ба варақи холӣ.
Нӯги қаламро ба варақ расонд ва мисли имтиҳондиҳандае, ки ҳалли муодилаи алҷабрро балад нест, зеҳн мемонду зӯр мезад. Аммо чизе ба ёдаш намеомад, ҳарфҳо, ангор, аз зеҳнаш парида буданд. - Бинавис охир, ташнаӣ, гушнаӣ, ягон ҷоят дард мекунад!
Худоё, ин чӣ бало буд, ки ба сари ман омад!- зан асабонӣ шуд.
Бемор ҳаросон нӯги қаламро ба дафтар шакид ва хати каҷукилебе кашид, ки ҳарф набуд. Дасташ ларзиду қаламро афтонд, мисли бачае, ки ногаҳон косаеро шикастааст, ҳаросон ба зан нигоҳ кард. Дили зан он чунон ба бечорагии шавҳараш сӯхт, ки мағзаш ба сӯзиш даромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор