Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чашмаш шах шудаву нимабоз ва лабаш каҷ буд, гӯё пӯсти рӯяшро кашида дар поёни манаҳаш часпонданд. Чашми нимабозаш мисли мурдоб тираву беҳаракат буд. Чашми сиҳаташ ҷудо аз ҷуфташ дар олами дигар мезист. Зинда буд ва пилкҳояш меларзиданд. Дар зери дасти чапаш дафтару қалам дошт ва қаламро бо ресмон ба занбар баста буданд. “Чӣ фарҷоми ҳузнангезе” бо таассуф аз дил гузаронд зан.
Соле, ки шавҳараш зан гирифт, ӯ 35 сол дошт.
Бачаҳояшро, ба истилоҳе, аз обу гил бароварда буд ва акнун майли ишқварзӣ дар вуҷудаш ҷӯш мезад. Вале аз қазо шавҳараш ошиқ шуд.
Ӯ аввали баҳор ошиқ шуд, шабу рӯзе, ки гелос гул карда буд ва гулбаргҳояш дар саросари ҳавлӣ парвоз мекарданд ва рақскунон ба замин менишастанд. Замин ҳавзи гулобро мемонд. Шавҳараш он шабу рӯз хаёлӣ буд ва дар зери дарахти гелос рақси гулбаргҳоро бо ишқ тамошо мекард.
Гуфт, ки гелосро ба ин зебоӣ бори аввал мебинад. Зан ба дарахти гелос чашм дӯхт, аммо чизи аҷиберо надид. Ҳамон дарахтеро дид, ки ҳар сол гул мекунад, гулбаргҳояш ба замин мерезанд ва ӯ аз рӯбучини ҳавлӣ хаста мешавад. Шавҳараш ғарқи тамошои ҳавзи гулоб буд, ки зан ҷорӯбро овард ва ҳамаро рӯфт. Мард сахт нороҳат шуд:

  • Ту зебогиро чӣ мефаҳмӣ?- гуфт ва бо танаффур аз ӯ рӯй тофт.
    Ишқи шавҳараш муаллимаи забони англисӣ буд, ки дарсҳояш аз телевизион пахш мешуданд ва ишқ бо ҳамин забон дили шавҳарашро тасхир мекард. Соати пахши дарсҳо дар куҷое бошад, худро ба назди телевизион мерасонду дафтару қалам дар даст калимаҳои навро менавишт ва онҳоро ба думболи муаллима такрор мекард. Занаш мегуфт:
  • Ту як тоҷирӣ, забони англисиро чӣ кор мекунӣ? Мард ба манзури “ақли ту ба ин корҳо намерасад” даст меафшонд.
    Зан талоши забономӯзии ӯро ба дугонаҳояш тавсиф кард ва дугонаҳояш маънидорона хандиданд.
пешина
аз 473
навбатӣ