ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хондан- Чӣ хел партофта рафтанд?
- Ҳамин хел, саҳар омаданд.
- Рав ба занаш бигӯ омада, шавҳарашро бубарад!- писар сухани модарро ба тундӣ бурид.
- Худаш хостаст, гуфтаст мехоҳад дар хонаи падариаш ҷон диҳад, шояд нигаҳаш дорем чанд рӯз, одам аст охир…
- Одам аст? Шояд одам бошад, аммо падар нест. Ӯ барои ман 25 сол пеш, ҳамон рӯзе, ки аз хона рафт, мурда буд. Дар бораи он одам ба ман чизе нагӯ!
Зан даҳон боз кард ва хост дили писарашро нарм кунад, аммо ҳарфаш дар даҳонаш монд, писар телефонро қатъ кард.
Зан медонист, ки гуфтугӯ бо писараш кори беҳуда аст. Аз одаме, ки ба суолат бо суол посух мегӯяд, чӣ мегирӣ! Хеле дар хараки назди дар нишаст. Кӯча холӣ буд ва аз ҳавлиҳои атроф акнун садоҳои бедоршавӣ ба гӯш мерасид. Пояш намекашид ба хона дарояд, сараш дар фикр гум буд. “Сад сол ҳам ин ҷо нишинам, бояд рӯзе ба хона дароям охир!”. Ӯ дарро боз карду бо қадамҳои қотеона ба ҳавлӣ даромад, аммо то зинаҳои айвон расиду ҷуръаташ тамом шуд. Айвони рӯ ба офтоб ғарқи нур буд. Бемор дасташро беҳолона баланд кард, то пеши рӯшноиро бигирад, аммо нурҳои офтоби тобистон гардан намедоданд, ӯ қувват накард ва дасташро беҳолона ба пешониаш гузошт.
“Гардиши рӯзгорро бин, кӣ медонист, ин марди хушсурату хушгап ва таҳсилкардаву пулдор як рӯз ин қадар хору зор ва муҳтоҷ мешавад ва писараш ӯро дар занбар ба ҷойе мебарад, ки солҳо сояашро аз девор метарошиданд”.
Зан бо ин андешаҳо як-як аз зинаҳо баланд шуд.
Бемор болои кӯрпаи кӯҳна рӯ ба сақф мехобид. Зан аввал як тарафи рӯяшро дид, тарафи чапашро, ки аз сакта осеб надидаст. Ҳамон чеҳраи зебо, ки мешинохт, аммо пӯсташ каме ҷинҷак задаст ва абрӯвонаш аз баландии пешонии васеъаш поён фуромаданд. Тарафи фалаҷшудаашро дертар дид, вақте зинаҳо тамом шуданд ва ӯ дар болои сари бемор қарор гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор