ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ҳикоя
Аз аввал хонданМегӯяд, ки дар ин солу замон издивоҷ муҳим нест.
Ӯ ҳар моҳ ба модараш пул мефиристад, аммо худаш намеояд.
Духтараш дар кадом ширкате тарҷумони забони англисӣ аст.
Ду сол пеш бо як кӯдак аз шавҳараш талоқ гирифт ва баъди суду судбозӣ хонаи ҳамсарашро бо ними тиҷораташ соҳиб шуд. Зан гоҳо ба духтараш менигарад ва ҳайрон мешавад, ки ӯ ин густохиро аз кӣ мерос гирифтаст ва баъд мақоли “мева аз дарахт дур намеафтад”- ро ба ёд меорад.
Аммо ҳоло ноилоҷ буд, ба раҳнамоӣ ниёз дошт, бояд аз касе машварат мегирифт. Гӯширо бардошту ба писари бузургаш занг зад.
- Алло?
- Салом писарам, хубӣ?
- Хубам модар, шумо чӣ ҳол доред?
- Шукр, хубам... садоят хаста ба гӯш мерсад, корат зиёд аст?
- Нав аз ҷарроҳӣ баромадам, каме тӯл кашид. Худоро шукр ба хайр гузашт. Ягон кори оҷил буд?
- Не-ю, гуфтам як ҳолатро пурсам...
- Аз садоят маълум, ки чӣ ҳодисае шудаст, чӣ шудаст?
- Метавонӣ имрӯз ба хона биёӣ?
- Нигаронам кардӣ… мегӯӣ чӣ шудаст?
- Гапи телефонӣ нест, бояд бубинамат.
- Ин ҳафта омада наметавонам, чанд амали ҷарроҳӣ дорам, ҳамин ҷо бигӯ…
- Модар?
- Намедонам, чӣ тавр бигӯям.
- Э-э-э, воқеан хавотир шудам!
- Падаратро оварданд...
- Киро??
- Падаратро, писараш овард, бо як марди дигар дар занбар оварданд, дар рӯи айвон партофтанду рафтанд. Ҳар қадар даъво кардам, ӯро набурданд, гурехтанд. Ман инро чӣ кор кунам писарам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор